Дар Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" ифтитоҳ шуд

© Foto / Facebook СогдаМеждународная торговая ярмарка "Сугд-2018" в Худжанде
Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар намоишгоҳ тоҷирони маҳаллӣ, намояндагони кишварҳои Узбакистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik.  Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд панҷумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" ифтитоҳ шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат кард.

 "Суғд аз минтақаҳои саноатии мамлакат буда,  ҳамасола даҳҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар вилоят дар се соли ахир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ду баробар афзудааст", — изҳор дошт раиси вилоят.

Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар назди Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Ключарев, Дилшод Менглиев — намояндаи Палатаи савдо ва саноати  Узбакистон, Зулфия Давлатбекова — менеҷери лоиҳаҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Эдвард Сафарян — мушовир дафтари САҲА дар Тоҷикистон,  Озодхон Давлатшоев — директори генералии ширкати "Tcell"суханронӣ карданд.

Дар намоишгоҳ тоҷирон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои Узбакистону Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат мекунанд.

Намоишгоҳи V байналмилалии тиҷории "Суғд — 2018" 7 июл низ идома меёбад ва дар доираи он ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ, муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд, муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо миёни доираҳои тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0