ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik, Рубен Гарсия. Бо пайвастшавии кишварҳои гуногун ба СҲШ, метавон гуфт, фазои ин ташкилот рӯ ба афзоиш аст. Аммо ба гуфтаи коршиносони Русия зиддиятҳои Тоҷикистон пеши роҳи шомилшавии Эрон ба СҲШ шудааст.
Чанде пеш, дар шаҳри Синдаои Чин сарони кишварҳои СҲШ бори аввал дар қолаби "ҳаштгона" дидор карданд. Ба шаш узви баробарҳуқуқи ин созмон — Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон ду кишвари дигар — Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд.
Воридшавии ин кишварҳо ба созмон мавриди баррасии зиёде қарор гирифта буд. Ҳатто пайвастшавии Деҳлӣ ва Исломободро мураккаботе дар рафти ҳамкориҳои ояндаи узви ин ташкилот меҳисобиданд.
Баҳсҳо баъди воридшавии ду кишвари нав ба СҲШ камтар нашуданд, як масъалаи дигар монд —Эрон кай узви созмон мешавад.
Душанбе муқобил аст
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар рафти нишасти сарони узви СҲШ дар Остона, ба истиснои Тоҷикистон, дигар кишварҳои аъзо ҷонибдори густурдатар шудани муносибатҳои ташкилот бо Теҳрон буданд.
Расман баҳонаи муқобилияти Тоҷикистон — ин фароҳам овардани паноҳгоҳ ба роҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби Ҳукумати Эрон дониста мешавад.
Аммо коршинос-шарқшинос Андрй Серенко зиддиятҳои Тоҷикистонро танҳо ба сиёсатҳои печидаи ин ду кишвари ҳамфарҳанг рабт намедиҳад.
"ХНИТ ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳдидеро пеши назар оварда наметавонад, ки бо Душанбе ҳисобӣ кунад. Гумон мекунам, Тоҷикистон мавқеи дигареро пайгирӣ мекунад, ки бо ҳилаҳои Арабистони Саудӣ иртибот дорад", — мегӯяд вай.
Серенко афзуд, ки Арабистони Саудӣ бар ивази дастгирии Тоҷикистон аз сиёсати кишвар дар минтақа, сохтмони чанд иншооти бузургро дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.
Аммо маблағгузориҳои Ар-Риёз — ин тахмини исбот нашудааст. Сохтмонҳое, ки бо ёрии Арабистон дар Тоҷикистон бунёд мешаванд, нисбат ба нерӯгоҳи "Роғун", "Норак" ва ё реактори саноатии "Аргус" барои кишвар аҳамияти бузург надоранд.
Теҳрон интизор мемонад
Эрон новобаста аз муносибати дӯстонаи СҲШ солҳои наздик шомили ташкилот шуда наметавонад.
Якум ин, ки Эрон бояд розигии Тоҷикистонро ба даст орад. Зеро СҲШ — ташкилотест, ки дар он барои қабули қарорҳои муҳим созиш ва ҳамрайъии кишварҳои аъзоро ба назар мегиранд.
Ба гуфтаи Бахтиёр Ҳакимов — намояндаи раисҷумҳури Русия дар СҲШ, созмон ҷонибҳоро ба созиш хоҳад овард. Аммо маълум нест, ки ин созиш кай ва чигуна ба даст меояд.
Дуюм, ин ки "ҳаштгона" бояд мушкилиҳои мавҷудаи байни аъзоҳои нави Созмон — Покистон ва Ҳиндустонро бартараф намуда, нуқтаҳои амалигардонии ҳамкориҳои кишварҳои аъзоро барои чанд соли оянда баррасӣ кунад.
"Сарнавишти ояндаи СҲШ, аз нигоҳи афзоиш маълум аст. Мушкилии созмон дар он аст, ки намедонад бо кишварҳое, ки мехоҳанд аъзо шаванд, чӣ кор кунад. Маҳз барои ҳамин, дар бораи қабули Эрон ба СҲШ дар рӯзҳои наздик созише нашудааст", — мегӯяд собиқ муовини котиби кулли СҲШ Михаил Коноровский.
Чанде пеш дар маросими Шӯрои умури байналмилалии Русия, ки ба дурнамои "Созмони ҳаштгона" бахшида шуда буд, сафири Эрон дар Русия гуфт, ки Теҳрон барои аъзо шудан ба ин ташкилот, аз тамоми имкониятҳояш истифода хоҳад бурд. Теҳрон умедвор аст, ки номзади арзандаи созмон хоҳад шуд.
"Аз шомилашавии Эрон ба созмон, СҲШ манфиатдор аст? Албатта. Афзун бар ин, баробари Ҳиндустон ва Покистон чанд сол аст, ки Эрон низ нозири СҲШ аст ва барои шомили ташкилот шудан, тамоми асосҳоро дорад", — гуфт Коноровский ба Sputnik Тоҷикистон.
Корро набояд ба дарозо кашид
Мухолифати Тоҷикистон дар шомилшавии Эрон ба ин созмон, баҳонаи хубе дар таваққуфи шомилшавии дигар кишварҳо мешавад.
Аммо узви созмон дар қабули қарори қатъи ҳангоми пазуруфтани аъзои нав шояд, бояд зудкор бошанд?
Ҷониби Эрон муаддабона хомӯширо ихтиёр кардаанд ва бо даъвои узвият ба Созмон овоз баланд накардаанд. Раисҷумҳури кишвар низ қариб дар ҳамаи нишастҳои сарони СҲШ чун меҳмони олӣ пазируфта мешавад.
Бояд кайд кард, ки новобаста аз хушсалиқагии Ҳукумати Ҷумхурии исломии Эрон, онҳо ин таваққуфро беэҳтиромие нисбати худ хоҳанд донист. Инчунин, Эрон муносибаташро бо бозингарони сиёсие, ки хиҷолат ба дил намегиранд, давом медиҳад ва дар навбати худ воқеанигори ҳамаи ин ҷараёнҳо хохад буд.
Агар замоне дастгирии Теҳрон ба ягон узви созмон лозим шуд, Эрон хотираҳои дархости шомилшавиашро ба созмон варақгардон хоҳад кард, ки ин ба манфиати ҷонибҳо нахоҳад буд.