Тюрин: Тоҷикистони суннимазҳаб метавонад дари СҲШ ба рӯи Эрони шиамазҳаб бибандад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкДиректор Делового клуба ШОС Денис Тюрин
Директор Делового клуба ШОС Денис Тюрин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари бошгоҳи тоҷирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай Денис Тюрин тавзеҳ медиҳад, ки чаро Эрон барои шомил шудан ба СҲШ бояд Тоҷикистонро розӣ кунонад

Коршиносон наметавонанд қатъӣ бигӯянд, ки Эрон метавонад бар зиддияти Тоҷикистон дар СҲШ пирӯз шавад.

Аммо ба гуфтаи роҳбари бошгоҳи тоҷирони СҲШ Денис Тюрин  Эрон бояд аъзои комилҳуқуқи ин созмон шавад.

Тюрин: если Таджикистан будет против, то у Ирана мало шансов вступить в Шос

"Русия ҳамеша ҷонибдори шомилшавии Эрон ба созмон буд. Агар Эрон шомили созмон шавад, он комилтар мешавад", — мегӯяд Денис Тюри.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон талош дорад худро аз Эрон канор гирад.

Ба гуфтаи коршинос, зиддияти Эрону Тоҷикистон аз фарқияти мазҳабии байни кишварҳост.  Бархе ақидаҳои Эрони шиъамазҳаб бо Тоҷикистони суннимазҳаб мухолифанд.

Лентаи хабарҳо
0