Нишасти СҲШ: Тоҷикистон чӣ пешниҳод кард?

© Пресс-служба Президента РФ / Гузариш ба медиабонкСаммит ШОС в Китае
Саммит ШОС в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардумони минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik.  Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  10 июн дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо —  Тоҷикистон,  Ҳиндустон, Мардумии Чин,  Қазоқистону Қирғизистон,  Исломии Покистон, Русия ва Узбакистон баргузор шуд.

Эмомали Рахмон и Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз Си Ҷинпин дар таъмини рушди Тоҷикистон изҳори сипос кард

Пас аз маросими аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбакистон  ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ,  муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо инчунин дигар мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ иборат буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҳайатҳоро ба масъалаи таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб кард.

"Мо бояд бо талошҳои муштарак мунтазам ҳамбастагии худро баҳри пойдории сулҳ, амният ва субот, инчунин рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчуби Созмони Ҳамкории Шанхай, равона намоем", —  таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон. 

Всрчеча членов ШОС в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Покистону Ҳиндустон нахустин бор дар нишасти СҲШ: Эрон чӣ?

Барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ва пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ,  пешниҳод гардид, ки сохтори алоҳида — стратегияи зидди маводи нашъаовари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад.

 Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеъи устувори ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, рушди ҳамкориҳои судманд бар нафъи кишварҳои аъзо, густариши робитаҳои зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои мудофиавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои ҳарбӣ дар Афғонистон ба хотири таъмини амнияти минтақа, андешаронӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, таъсиси долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ, ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлими сайёра, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳаво, таъмини кишварҳои минтақа бо барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба миён гузошт.

Дар охир сарвари Тоҷикистон пешниҳод кард, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишварҳо дар соҳаи кишоварзӣ ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ, барои ваҳдату ҳамбастагии мардумони минтақа таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳиро ба роҳ монанд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз тарафи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.

Ҳамин тавр баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018-2019 ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.

Ёдрас мешавем, сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон дар Чин идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0