Ҳавопаймои "Тоҷик Эйр", ки изтирорӣ ба Домодедово нишаст, ба Душанбе баргашт

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии " Тоҷик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки пас аз дучор шудан ба мушкилоти техникӣ дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба таври изтирорӣ нишаста буд, ба Душанбе баргашт

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" Boeing 737-300, ки 2 июл зимни парвоз дар хатсайри Москва-Хуҷанд ба мушкилоти техникӣ дучор шуд, ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати "Тоҷик Эйр" хабар додааст.

"Мутахассисони хадамоти техникӣ ҳавопайморо муоина мекунанд ва пас аз маълум шудани натиҷаҳои ташхиси техникӣ мо маълумоти иловагиро дар бораи фаъолияти минбаъдаи ҳавопаймо пешниҳод мекунем" — таъкид кардааст ширкати "Тоҷик Эйр".

Пассажирский самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти изтирории хатсайри Москва-Хуҷанд дар Домодедово

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз фурудгоҳи Домодедово соати 01:03 (бо вақти Маскав) ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз дошт, пас аз чанд соати чарх гаштан дар болои вилояти назди Маскав ба фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кард.

Сипас намояндагони фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав тавзеҳ доданд, ки ҳавопаймои Boeing 737 ширкати "Тоҷик Эйр" маҷбур шуд бо далели вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия — идора) дар ҳавопаймо ба фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кунад.

Айни замон мусофирони ин пароз дар Маскав қарор дошта, ба манзилҳояшон интиқол дода нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0