Нишасти изтирории хатсайри Москва-Хуҷанд дар Домодедово

CC0 / Pixabay / Пассажирский самолет, архивное фото
Пассажирский самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз фурудгоҳи Домодедово соати 01:03 (бо вақти Маскав) парвоз кард, пас аз чанд соат баргашта, дар болои Коломна ва Воскресенский чарх мезад

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки чанд соат дар ҷанубу шарқи вилояти Маскав чарх мезад, дар фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кард, хабар медиҳад Flightradar24.

Ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз фурудгоҳи  Домодедово соати 01:03 (бо вақти Маскав) парвоз кард, пас аз чанд соат баргашта, дар болои Коломна ва Воскресенский чарх мезад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳавопаймои парвози Москва-Хуҷанд бомуваффақият дар фурудгоҳи Домодедово нишаст.

Сабабҳои нишасти изтирорӣ муайян карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0