ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди президенти ҶТ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
"Рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала — муаррифии "Ҳисоботи миллӣ аз натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор" иборат буд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои миллии рушд Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуд.
"Афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ ва идоракунии самараноро фаро мегиранд", — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар доираи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерз, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевичсуханронӣ карданд.