ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тоҷикистон шомили нӯҳгонаи кишварҳои дорои рушди иқтисодии пойдор шуд.
Дар ҳисоботе, ки Бонки ҷаҳонӣ ба тозагӣ мунташир кард, гуфта мешавад, ҳаҷми тавлиди нохилиси дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 2017 то 7,1% боло рафт.
Ду кишвари африқоӣ дар соли 2017 аз ҳам бештар нишондодҳои рушди иқтисодиро ба даст овардаанд: Ҳабашистон — 10,3% ва Гвинея — 8,2 %.
Ҳамчунин ба даҳгонаи кишварҳои дорои рушди иқтисодии пойдор Непал (9,7%), Гана (7,8%) Арманистон (7,5%), Туркия ва Бутан (7,4%) шомил шудаанд.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Тоҷикистон Туркманистон бо нишондоди бештаре — 6,5% пешсаф аст. Сипас кишварҳои Узбакистон (5,3%), Қирғизистон (4,4%) ва Қазоқистон — 4,0% номбар карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзи берунаи ҷумҳурӣ дар соли 2017 ба 27,5% афзуда, нуқтаи 2,9 миллиард долларро дарёфт кард, ки ин 40,3% ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад
Соли гузашта бо назардошти нашри коғазҳои қимматноки давлатӣ ё евробондҳо, ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,1 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки аз соли 2016 дида, 30,6% бештар аст.
Ҳамин тавр дар гузориши дигари Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони "Сатҳи баланди осебпазирӣ, сарфи назар аз рушди устувори иқтисодӣ" гуфта мешуд, ки авомили асосии афзоиши қарзи Тоҷикистон эътиборҳое буданд, ки барои роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (махсусан аз Чин) гирифта шуда буданд, ва ҳамчунин нашрҳои абзорҳои бадеҳии дохилӣ барои дастгирии соҳаи барқ ва еврооблигатсияҳо мебошанд.