Даъвати Узбакистон аз ИМА: сохтмони роҳи оҳани Афғонистонро дастгирӣ кунед

© Sputnik / Юрий Лашов / Гузариш ба медиабонкУчасток железнодорожного пути, архивное фото
Участок железнодорожного пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон масъалаи сохтмони роҳи оҳани Афғонистонро аз ҳисоби сармоягузории сохторҳои байналмилалии молиявие, ки дар онҳо ИМА нақши ҳалкунанда мебозад, баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз ИМА даъват кард, ки сохтмони роҳи оҳани навро дар Афғонистон дастгирӣ кунад, зеро ин лоиҳа имкон дорад иқтисоди Осиёи Марказиро тағйир диҳад, гуфт рӯзи сешанбе муовини аввали раиси Сенати Узбакистон Содиқ Сафоев.

Моҳи декабри соли 2017 ҳукумати Узбакистон ва Афғонистон шартномаи сохтмони роҳи оҳани "Мазари-Шариф — Ҳирот"-ро ба имзо расониданд. Созишнома иштироки ҷониби Узбакистонро дар тарҳрезӣ ва сохтмони роҳи нав, пешбинӣ мекунад.

Ҷониби Афғонистон барои ҷалби васоили молӣ дар робита ба татбиқи тарҳ машғул хоҳад шуд. Хатти нави 760 километраи роҳи оҳан имкони сохтмони даҳлези ҳамлу нақли иқтисодӣ дар шимолу ғарби Афғонистонро, хоҳад дошт.

"Раисҷумҳури Узбакистон масъалаи сармоягузории сохторҳои байналмилалии молиявие, ки дар онҳо ИМА нақши ҳалкунанда мебозад, оид ба сохтмони хатти роҳи оҳан дар Афғонистонро, бардошт", — иброз дошт Сафоев дар мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи сенат ва ҳукумати ҷумҳурӣ "Овози халқ" ("Халқ овозӣ").

Президент РФ Владимир Путин и президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев таассуроташро аз сафари ИМА ба Путин нақл кард

Сафоев бар он бовар аст, ки сохтмони роҳи оҳани нав дар Афғонистон метавонад геостратегия ва геоиқтисоди тамоми Осиёи Марказро тағйир диҳад, инчунин вазъиятро дар Афғонистон устувор созад.

"Ҷониби Амрико дар шахсияти мақомоти иҷроия ва сохторҳои иқтисодӣ бечунучаро тарҳи роҳи оҳани навро дастгирӣ намуд", — таъкид кард муовини раиси сенат.

Ба фикри вай, ИМА ба фаъолияти як қатор муассисаҳои молиявии байналмилалӣ таъсири бузург дорад, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд (БОР). "Агар дар оянда лоиҳаи мазкур амалӣ шавад, пас он яке аз натиҷаҳои назарраси сафари расмӣ ва иҷлосияи сарони узбакистониву амрикоӣ хоҳад буд", — шарҳ дод Сафоев.

Муовини мудири ҶС "Роҳи оҳани Узбакистон" Акмал Камолов иттилоъ дод, ки Бонки осиёии рушд (БОР) ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) метавонанд дар маблағгузории сохтмони роҳи оҳани "Мазари Шариф-Ҳирот", ширкат варзанд.

Лентаи хабарҳо
0