Мирзиёев таассуроташро аз сафари ИМА ба Путин нақл кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев
Президент РФ Владимир Путин и президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рафти амалӣ шудани созишномаҳое, ки дар сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз моҳи апрели соли 2017 ба Русия имзо гардида буданд, баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва сарвари Узбакистон Шавкат Мирзиёёв дар гуфтугӯи телефонӣ таҳкими шарикии стратегии ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва ғайраҳо, муҳокима карданд.

"Бо ташаббуси ҷониби Тошканд байни раисҷумҳурони Федератсияи Русия Владимир Путин ва Узбакистон Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Рафти амалӣ шудани созишномаҳое, ки дар натиҷаи сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз моҳи апрели соли 2017 ба Русия имзо гардида буданд, баррасӣ шуд", — омадааст дар иттилоия.

Президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ё Мирзиёев: кӣ дар муборизаи дастфишорӣ бо Трамп ғолиб баромад

Ҳамчунин илова мешавад, ки кишвардорон зимни гуфтугӯ алоқамандии тарафайнро дар робита ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва ғайраҳо, таъйид намуданд.

Илова бар ин, ҳангоми табодули афкор дар робита ба масоили байналмилалӣ, Шавкат Мирзиёёв таассуроти худро аз сафари расмии охиринаш ба ИМА, мубодила кард.

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ва кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев таъкид намуданд, ки ин мулоқот марҳилаи нави шарикии стратегии байни ду давлатро ифода мекунад.

Трамп ба он ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсие дар Узбакистон гузаронида мешаванд, баҳои баланд дода, ваъда кард, ки дастгирӣ ва кумаки худро дар беҳтар амалӣ шудани онҳо, дареғ намедорад. 

Яке аз мавзӯъҳои вохӯрӣ масъалаи амният ва мубориза алайҳи терроризм буд. Трамп ба Узбакистон барои дастгирӣ дар ин ҷода ва он кӯшишҳое, ки Тошканд баҳри мӯътадил гардидани вазъият дар минтақа ба харҷ медиҳад, изҳори сипос намуд.

Лентаи хабарҳо
0