Пешсафии тоҷикон дар дарёфти шаҳрвандии Русия: 29 ҳазор дар як сол

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз ҷиҳати дарёфти шаҳрвандии Русия дар соли 2017, дар сегонаи аввал ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Соли 2017-29 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст, ки ин дар қиёс бо соли 2012 се баробар бештар мебошад, хабар медиҳад RT бо такя ба ВКД Русия.

Қайд мешавад, ки шумораи хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, дар панҷ сол то се баробар зиёд шудааст.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия шумораи квотаҳоро барои гирифтани шаҳрвандӣ коҳиш медиҳад

Вазорати умури дохилаи Русия қайд мекунад, ки шумораи шаҳрвандони "нав"-и Русия аз ҳисоби муҳоҷирон аз Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Узбакистон зиёд шудааст.

Соли 2017 беш аз ҳама украиниҳо шаҳрванди Русия шудаанд-85 118, ин шумора дар қиёс бо панҷ соли пеш ҳафт маротиба бештар аст.

Дар ҷойи дуюм аз ҷиҳати дарёфти шаҳрвандии Русия Қазоқистон меистад. 40 718 шаҳрвандони Қазоқистон соли 2017 шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар ҷойи сеюм Тоҷикистон қарор гирифтааст. 29 039 тоҷик дар соли 2017 шаҳрванди Русия шудаанд. Ин шумора панҷ сол пеш ба 9 773 нафар баробар буд.

Ба панҷгонаи дарёфткунандагони пешсафи шаҳрвандии Русия ҳамчунин Арманистон (25 144 кас) ва Узбакистон (23 334 кас) ворид шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки мутобиқи он шаш тоҷик шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0