ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дастур дод, ки дар 2018 шумораи квотаҳо барои гирифтани иҷозатномаи истиқоматии муваққатӣ (РВП) кам карда шавад.
Тавре дафтари матбуотии Кабинети вазирони Русия хабар медиҳад, мувофиқи фармони сарвазир барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар соли 2018 90 ҳазору 360 квота ҷудо мешавад, ки нисбат ба соли гузашта камтар аст.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки имтиёзҳои ҷудошуда назар ба соли 2017 — 19 800 квота камтар аст.
Гуфта мешавад, ин қарор бо назардошти вазъи иқтисодиву муҳоҷиратӣ дар минтақаҳои кишвар қабул шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки Маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав дар ҷаласае, ки 25 октябр баргузор шуд, тарҳи афзоиши 7-дарсадии арзиши патентро тасвиб кард. Аз ин пас муҳоҷирони корӣ барои дарёфти муваҷҷизи кор дар шаҳри Маскав бояд моҳона 4 500 рубл пардохт кунанд.
Ин иқдом бо пешниҳоди шаҳрдори Маскав Сергей Собянин сурат гирифтааст.