Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 баргузор мегардад

Муовини аввали раиси ВМКБ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

© © Sputnik / Алексей ВитвицкийПапка с документами, архивное фото
Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Нуралӣ Риоев, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешбарӣ шудааст, хабар медиҳад расонаҳои расмӣ.

Гуфта мешавад, ки номзадии Нуралӣ Риоев дар конфронси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, ки дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор шудааст, аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 пешбарӣ гардидааст.

Ҷаласа дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Раҳмон: сардори нави милиса дар ВМКБ муаррифӣ шуд

Ба ҳавзаи мазкур интихобкунандагон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон шомил мебошанд.

Ба гузориши манбаъ, дар оғози конфронс вакилон нахуст хотираи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатшоҳ Рӯзадорро, ки бар асари бемории сактаи дил аз олам даргузашт, пос доштанд.

Дар конфронс вакилон номзадии Нуралӣ Риоевро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 якдилона пешбарӣ карданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷонибеки Қозибек дар фарҷоми конфронс аз аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб даъват кардааст, ки дар рӯзи овоздиҳӣ фаъолона ширкат намоянд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 17 июни соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадаврӣ ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0