ДУШАНБЕ, 14 дек— Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, дар ин вазифа генерал-майор Абдулваҳҳоб Искандарзодаро дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Мансур Бухоризода иваз кард.
"Абдулваҳҳоб Искандарзода ба вазифаи дигар гузаронда шуда, Мансур Бухоризода чун кадри корозмуда ба ин вазифа таъин гардид", — омадааст дар хабарнома.
Раиси вилоят ба Искандарзода ҷиҳати фаъолияти зиёда аз сесола дар вилоят изҳори сипос намуда, ба Бухоризода дар иҷрои вазифаи пурифтихор ва пурмасъул муваффақият таманно кардааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.