Иттифоқи нависандагон: ёди Бозор Собир дар дили мо ҳамеша дурахшон хоҳад буд

© Facebook / Ато МирходжаПоэт Бозор Собир, архивное фото
Поэт Бозор Собир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хидмати Бозор Собир дар шеъри кунунии тоҷик дар таври мушаххаси симои Тоҷикистон, бедории ҳофизаи таърихии миллати тоҷик, шинохтану шиносонидани дирӯзу имрӯзи халқу диёр ва фарзандони фарзонаи миллат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва завқи зебоиписандии мардум ниҳоят бузург аст

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо як изҳороти расмӣ аз сӯги созмон аз марги шоир Бозор Собир хабар дод.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабари даргузашти шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир расид. Адабиёти тоҷик ба талафи ниҳоят гарон рӯ ба рӯ шуд: бар асари бемории тӯлонӣ дар остонаи 80-солагӣ дили ҳассоси шоир аз тапидан бозмонд, — менависад ниҳод.

ИНТ меаафзояд, хидмати Бозор Собир дар шеъри кунунии тоҷик дар таври мушаххаси симои Тоҷикистон, бедории ҳофизаи таърихии миллати тоҷик, шинохтану шиносонидани дирӯзу имрӯзи халқу диёр ва фарзандони фарзонаи миллат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва завқи зебоиписандии мардум ниҳоят бузург аст.

Ашъори тасвирӣ ва ошиқонаи Бозор Собир дар байни халқ шуҳрату маъруфияти зиёд доранд, аксари онҳоро сарояндагон ба оҳанг даровардаанд.

"Хидмати Бозор Собир дар шеъри кунунии тоҷик дар таври мушаххаси симои Тоҷикистон, бедории ҳофизаи таърихии миллати тоҷик, шинохтану шиносонидани дирӯзу имрӯзи халқу диёр ва фарзандони фарзонаи миллат, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва завқи зебоиписандии мардум ниҳоят бузург аст",- навиштааст манбаъ.

Поэт Бозор Собир. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Шумо миред хору хас нагиряд": посухи Исмоил Зарифӣ ба бадгӯёни Бозор Собир

Бозор Собир ҷисман аз байни мо рафт. Вале шеъри ӯ, мактаби адабие, ки вай эҷод кард, дар зиндагӣ ҳамдаму ҳамнафаси мо ва наслҳои ояндаи миллати қадршиносу зебоипарасти тоҷик хоҳад монд. Шамъи хотира ва ёди устод Бозор Собир дар дили мо, ҳамқаламону шогирдон, ҳамеша дурахшон хоҳад буд, меафзояд Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омад. Таҳсилоти миёнаро дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор ва таҳсилоти олиро дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаро гирифт.

Фаъолияти меҳнатиаш соли 1962 ба сифати тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон оғоз шуда, баъдан дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, маҷаллаи “Садои Шарқ” ба ҳайси мудири шуъба идомат ёфт. Муддате мушовири бахши шеър дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Маҳз дар ҷараёни фаъолият дар матбуот ва Иттифоқи нависандагон Бозор Собир ҳамчун шоир ташаккул ёфту ба камол расид ва дар тарбияи иддаи зиёди шоирони кунунии тоҷик нақши хеле равшан гузошт. Соли 1995 бар асари воқеаҳои маълум ба ИМА ҳиҷрат кард ва моҳи майи соли 2013 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.
Фаъолияти эҷодии Бозор Собир дар ибтидои солҳои 60-и асри гузашта оғоз шуд ва дар солҳои 70 ӯ ба сифати яке аз шоирони навиҷӯву навиовар, устоди шеъри асил эътироф гардид. Бештар аз 20 маҷмӯаи ашъораш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи ниёгон ба табъ расидаанд, ки "Оташбарг", "Гули хор", "Мижгони шаб", "Офтобниҳол", "Бо чамидан, бо чашидан…", "Чашми сафедор", "Шоиру шеъре агар ҳаст…", "Хуни қалам", "Лолаи сиёҳ" ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.

Бозор Собир ба зиндагӣ ва шеър, ба таърих ва ҷомеа, ба Ватан ва ватандорӣ, ба инсон ва шахсият, ба арзишҳои моддию маънавӣ ва миллию башарӣ диду назари хосса дошт, ки дар шеъраш ба таври хеле равону возеҳ инъикос ёфтааст. ӯ дар зиндагӣ ва шеър шабеҳи касе набуд, шахсияти инсонӣ ва адабиашро бо тамоми мураккабию ихтилофоташ мутобиқ ба завқу салиқаи худ сохт, дар олами андешаву тахайюлот ва орзуву ормонҳояш мезисту шеър мегуфт, ободии Ватан ва озодии иродаи инсонро меситуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо хонаводаи Бозор Собир

Бозор Собир мавзӯи манзараҳо ва маросимҳои зиндагии деҳот, хислат, мафкура ва табиати мардуми деҳотиро тавассути тасвири ҷузъиёти хотирмону дилнишин ба шеъри тоҷик ворид карда, системаи нави бадеиятро дар мардумшиносӣ ва зебоипарастӣ халлоқӣ намуд.

Шеъри Бозор Собир дар навсозӣ ва амиқрафти дид ва тафаккури бадеӣ дар назми имрӯзи тоҷик саҳми назаррас дорад. Устод ба интихоби на танҳо мавзӯъ ва васоити тасвири бадеӣ тибқи тақозои завқи баланди худ муносибат мекард, балки барои тарҷума низ осори бузургтарин суханваронро меписандид, ки Байрон, Рембо, Апполинер, Фет, Неруда, Есенин, Межелайтис аз ҳамон зумраанд.

Бозор Собир дорандаи Ҷоизати давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Хидматҳояш дар равнақи адабиёт бо ордени “Ситораи Президент” тақдир гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0