ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Соли хониш дар ҳоли анҷомёбист, яъне барои омӯзгороне, ки аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуда буданд, ин соли корӣ дар Тоҷикистон поён меёбад.
Чигуна ҳашт моҳи фаъолияти устодони рус дар мактабҳои Тоҷикистон гузашт? Дар ин бора Eurasia.net нақл мекунад.
Шогирдони Эмил Бурҳонови 37-сола, ба ӯ "устод"-гуфта хитоб мекунанд. Ин ягона калимаест, ки талабаҳо бо забони тоҷикӣ мегӯянд, чун дарс пурра бо забони русӣ гузаронида мешавад.
Эмил — аз омӯзгоронест, ки барои дасрдиҳӣ ба хонандагони тоҷик аз Русия фиристода шуда буданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи августи соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон 30 омӯзгор барои дарс додани забони русӣ ва адабиёт, фаннҳои дақиқ-риёзию физикаву кимиё фиристода шуда буданд.
Ин нахустин барномаи омӯзишӣ пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Замоне, ки Вазорати маориф ба Бурҳонов пешниҳоди кор дар Тоҷикистон кард, ӯ дарҳол розӣ шуд.
"Ман дар шаҳри Норак ба дунё омадаму пас аз чанде мо ба Душанбе кӯчидем. Вақте соли 1991 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, мо Тоҷикистонро тарк кардем. Вақте интихоби омӯзгорон барои дарсдиҳӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд, бартарияти ман ин буд, ки бо Тоҷикистон ошноям", —гуфт Бурҳонов, ки дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тотористон ба сар мебарад.
Вале дар баробари ин ӯ каме тарс дошт, вақте, ӯро ба яке аз мактабҳои дурдасти Тоҷикистон ба ВМКБ фиристоданд.
Мудири мактаб Шодигул Қонунзода гуфт, ки Бурҳонов ӯро ҳайратзада кард. Ба гуфти мудир Эмил хеле шавқовар дарс медиҳад.
"Ҳама метавонанд бо забони русӣ сухан гӯянд, вале мушкил ин аст, ки аксент доранд. Ба ин хотир вақте аз ман пурсиданд, ки муаллими кадом фанн лозим, ман гуфтам забони русӣ", — гуфт Қонунзода.
Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзгори рус манзили ройгон ва 90 доллар дар як моҳ музди кор таҳия кардааст. Ҷониби Русия бошад ба Бурҳонов ҳазор доллар дар як моҳ медиҳад. Бояд қайд кард, ки омӯзгорон дар Тотористон бо ҳисоби миёна 450 доллар музд мегиранд.
Бурҳонов ҳамроҳи ду писар ва ҳамсараш дар манзили ду ҳуҷрагӣ дар шаҳри Хоруғ ба сар мебарад ва аз ҳамкоронаш дар шаҳри Қазон бештар музд мегирад.
Оӯзгорони маҳаллӣ ба маслиҳатҳои Бурҳонов гӯш медиҳанд, чун ӯ ҳангоми дарсдиҳӣ аз методҳои муосир истифода мекунад. Ҳамин тавр устод тавре ба шогирдонаш дарс мегӯяд, ки онҳо барои иҷрои кори хонагӣ шавқманд шаванд. Кӯдакон бошад дар навбати худ вазифаи хонагиро на чун боре вазнин қабул мекунанд.
"Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки каме бо шогирдон ҷиддитар бошад, ӯ бошад баръакс хеле мулоим аст. Дар нимсолаи аввал дар паи санҷиши сифати дарсдиҳӣ, фаъолияти Бурҳонов беҳтарин дониста шуд",-нақл кард Қонунзода ва афзуд, ки ҳамкасбонаш акнун кӯшиш доранд аз методҳои ӯ истифода кунанд.
Вале акнун соли хониш поён меёбад ва Бурҳонов мехоҳад ба Тотористон баргардад, чун дар ватанаш модари пир дорад.
"Модари ман дар Тотористон аст ва ман воқеъан бояд дар шаҳри бузургтаре бояд зиндагӣ кунам, то тавонам аз аҳволи модарам бештар хабар гирам. Ин барнома барои омӯзгорони ҷавон бисёр хуб аст, вале барои шахсони оиладор осон нест", — хулоса кард Бурҳонов.