Нақли омӯзгорони рус дар бораи моҳҳои аввали кор дар Тоҷикистон

© SputnikШкольники Душанбе
Школьники Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгорони рус нақл карданд, ки нахуст барои одат кардан ба боду ҳавою иқлими Тоҷикистон мушкилиҳо пеш омад, вале акнун ҳолашон хуб аст

ДУШАНБЕ, 11 ноя— Sputnik. Омӯзгорони Русия, ки дар чорчӯби барномаи муштараки Вазоратҳои маорифи Тоҷикстону Русия барои омӯзонидани донишомӯзони тоҷик ба Тоҷикистон фиристода шуда буданд, дар бораи нахустин моҳҳои корашон нақл карданд.

Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ аз сафоарти Русия дар Тоҷикстон ба литсеи президентии шаҳри Душанбе рафта дар дарсҳои омӯзгорони рус ширкат кардаанду бо раҳбарияти ин мактаб мулоқот нмаудаанд.

Представитель Минобразования РФ Игорь Шаповалов  о подробностях командировки российских учителей в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз омӯзгорони рус бо хонаводаҳояшон ба Тоҷикистон мераванд

Раҳбарияти литсей аз дарсгӯии муаллимони рус изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Омӯзгорон дар суҳбат бо намояндагони сафорат гуфтаанд, ки барои бархе аз онҳо дар аввал одат кардан ба иқлиму боду ҳавои Тоҷикистон  мушкил будааст. Вале айни замон ҳамаи омӯзгорон бо иқлими маҳаллӣ одат кардаву худро хуб эҳсос мекунанд.

Омӯзгорон дар бораи таваҷҷӯҳи кӯдакони тоҷик ба омӯзиш ва забондонии онҳо сухан гуфтаанд.

Ҳамчунин манбаъ меафзояд, ки дар ин дидор масоили мубрами фаъолияти омӯзгорон баррасӣ шудааст.

Дар баробари ин масъалаи ширкати омӯзгорони рус дар супоридани имтиҳоноти давлатии синфҳои хатмкунанда дар ин дидор муҳокима шудааст.

Лентаи хабарҳо
0