ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дирӯз омӯзгороне, ки Тоҷикистон аз Русия дархост карда аст, ба Душанбе расиданд.
Аз ин 30 омӯзгор 19 касашон дар мактабҳои Суғду Хатлон дарс хоҳанд гуфт ва 11 касашон донишомӯзони пойтахтро таълим хоҳанд дод.
"Россотрудничества" ҳамчунин 60 ҳазор китоби дарсиро барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон фиристода аст.
Чанде пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфта буд, ки забони русӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳашро аз даст медиҳад.
"Агар дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, вазъият аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд", — гуфта буд вай.