Алексей Афғонов: Ман парчами Тоҷикистонро аз Рязан ба Душанбе пиёда бурдам

© Фото : из личного архиваПоэт Алексей Авганов
Поэт Алексей Авганов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоиру нависанда Алексей Афғонов дар 65-солагӣ аз шаҳри Рязан ба Душанбе пиёда сафар карда буд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik, Лев Рижков. Алексей Афғонов, шоиру нависандаи тоҷиктабор аз шаҳри Рязан, ки бо асарҳо ва ишқи худ ба мардуми тоҷик номдор шуда, дар 65-солагӣ аз шаҳри Рязан ба Душанбе пиёда сафар карда буд.

Хабарнигори Sputnik бо Алексей Афғонов дар бораи сафарҳои пиёдааш ва ончи русҳову тоҷиконро ба якдигар наздик мекунад суҳбат кард.

“Ман бархостаму рафтам Душанбе…”

Алексей Афғонов мардест болобаланду кӯҳпайкар. Ҳарчанд мӯйсараш сафед шуда, чун 75-сола аст, вале садое ҷавон дорад. Дастфишориаш низ сахт қавӣ аст.

Вай худро бо Афанасий Никитин монанд мекунад, ки дар қарни XV аз шаҳри Твер ба Ҳинд пиёда сафар карда буд ва саргузашташро дар “Сафар ба фаросӯи се дарё” ном китоб боз гуфтааст.

Афғонов сафари худро ба Тоҷикистон бе ҳеҷ пӯшиши хабарӣ дар соли 2010 оғоз кард. Вай рӯзе бархосту Душанбе равон шуд.

“Бархе мегуфтанд: Ту магар девона шудаӣ? Магар дигар коре надорӣ?” Вале онҳо ангуштшумор буданд, –ба ёд меорад ҷаҳонгард. Аксарият ба ман мегӯфтанд “Ту қаҳрамон ҳастӣ. Мо низ ҳамроҳат мерафтем, агар пул медоштем” Вале ман ҳам пул надоштам, аммо сафар кардам. Аз касе ҳам умеди ёриву пуштибонӣ надоштам! Ман аз Рязан то Душанбе пиёда рафтам, вале як рубл ҳам ҳазина накардам”.

Аммо бархе аз нашрияҳо, ки аз сафари мусофире бо парчами Тоҷикистон аз минтақаашон хабар меёфтанд, гузоришҳое дар борааш мунташир мекарданд. Бархе аз он расонаҳо ин хабарро дар сутуни “пешомадҳои аҷиб” чоп мекарданд.

Вале Алексей Афғонон ин сафарро барои ному шуҳрат нарафта буд. Пас ӯ чи далеле дошт, ки дар бузургсолӣ дил ба дарё задаву роҳи дуру дарозеро пеш гирифта аст?

Бо дархости модар

“Ман аз падари тоҷик ва модари рус зода шудаам, — мегӯяд Афғонов. – Кулли зиндагии ман бо ин ду мардум гузашта аст. Ман худро ҳам тоҷик мешиносам ва ҳам рус эҳсос мекунам. Ҳам Тоҷикистонро ва ҳам Русияро хонаи худ медонам. Ман танҳо дар соли 2002 ба Русия омадам. Вале сахттарин рӯзҳои умрамро дар дар Тоҷикистон сипарӣ кардам. Он ҷангро ба чашми худ дида будам”.

Тимур Зульфикаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Темур Зулфиқоров шоире, ки аз Нобел умедашро канда, вале аз Тоҷикистон на

Вай роҳи Русияро ба дархости модараш пеш гирифта буд. Модараш аз деҳае дар ноҳияи Шатски вилояти Рязан аст. Ӯ аз зодгоҳаш дар дусолагӣ рафта буд ва пас аз 80 сол – дар соли 2005 ба он баргашт.

“Забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз як хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ ҳастанд. Номи кишвари Рус дар дастнавиштаҳои форсии қарни XI ёд мешавад.  Ин гуфта ба ин маъно аст, ки русҳо ва тоҷикон якдигарро аз замонҳое мешинохтаанд, ки корвонҳо дар Роҳи бузурги абрешим рафту омад доштанд”, – мегӯяд Афғонов.

Афғонов низ тасмим гирифт аз ҳамон Роҳ биравад. Ӯ мехост бо пойҳои худ пайвандҳои ин ду мардумро эҳсос кунад.

Рекорди банохост

Алексей Афғонов роҳи Рязан то Душанберо дар 167 рӯз паймуд. Тулонитарин масофае, ки вай дар як рӯз пиёда рафта аст, 53 километр буд.

“Ҳаргиз нахоста будам рекорде бизанам, — ба ёд меорад мусофир. – Вале он шаб маро фиреб дода буданд. Роҳам аз деҳае мегузашт ва хостам шабро онҷо рӯз кунам. Шом мешуд, ки мотосиклсаворе дар роҳ пайдо шуд. Аз ӯ пурсидам, ки куҷо метавонам шабамро рӯз кунам? Ӯ мастомаст нишонии меҳмонхонаеро ба ман доду гуфт сарошпазаш ҳамшаҳрият аст. Ман ҳам сипосгузорӣ кардаму рафтам. Шаб ҳам фаро расид вале ман ҳеч ба меҳмонхона намерасидам. Ҳаминсон 53 километрро тай кардам. Ростӣ, дар ҷангал сагҳои дайду бар ман ҳамла карданду каме монда буд, ки хомохом бихӯрандам”.

Дигар рӯзҳо масофаи камтареро тай мекардам. Бархе рӯзҳо бештар аз панҷ километр намерафтам.

Инҳо рӯзҳое буданд, ки мизбонҳои меҳмоннавоз иҷоза намедоданд аз сари дасторхон баланд шавам. Рӯзҳое низ буданд, ки Афғонов истироҳат мекард – ё аз хастагӣ ва ё аз дарди по.

“Аслан кам иттифоқ меуфтад, ки ман бемор шавам, ҳарчанд солам ба ҷое расидааст, — таъкид мекунад шоир. – Ҳангоми сафар ман 17 килуграм лоғар шудам. Худро бисёр сабук ҳис мекардам. Аз он пас варзиш кардан гирифтам. Вале беҳтарин эҳсосро замоне доштам, ки поям ба хоки Тоҷикистон расид. Ин сахттарин эҳсоси ман буд, ки ба хонаам наздик мешавам. Беҳтарин эҳсос аст”.

Роҳи пурпечу хами Душанбе

Аз Рязан то Душанбе 3200 килуметр роҳ  аст. Агар ҳама печу хамашро дар шумор биёрем, 300 килуметр дарозтар ҳам мешавад. Вале Афғонов бештар аз ин масофаро паймудаст.

“Чанде пеш ҳамон роҳро бо худрав тай кардам. Камобеш 4700 килуметр шуд, — мегӯяд Афғонов. Вале бояд дар  назар гирифт, ки ман гоҳе шаҳрҳоро давр ҳам мезадам. Чунончи, аз шаҳри Уляновск ва Саратов дидан кардам, ки сари роҳам набуданд. Вале калонтарин даврро аз гузаргоҳи марзии Ялома дар марзи Қирғизистону Узбакистон задаам”.

Иллаташ ин буд, ки мусофирамон нахост парчами Тоҷикистонро пинҳон кунад.

“Марзбонони Узбакистон ба ман гуфтанд: “Ту бо парчами Тоҷикистон меравӣ ва мо бо тоҷикон равобити хуб надорем”. Ин акнун аст, ки Худоро шукр, равобит хуб шуда аст. Он замон вазъ бисёр танишзо буд, – ба ёд меорад Афғонов. – Саранҷом ночор шудам пас гардам ва аз роҳи Ӯш, Бодканд ва Навкат рафтам. Он замон узбакҳову қирғизҳо ҷанг доштанд ва он сарзамин дар оташ месӯхт. Аз ин рӯ ночор шудам он ҷоро давр занам ва ин ҳам давр заданҳо камобеш 5 ҳазор килуметр шуданд.

Роҳҳои нави Афғонов

Сафари дуру дароз барои Афғонов такони сахти эъҷодӣ шуд. Хотироти роҳ асоси аксари шеърҳои ӯ шудааст. Дар шакли назм хотироташ аз роҳи тулонӣ аз Рязан ба Душанбе дар китоби “Чӣ гуна ин тобистон роҳ рафтам” оварда шудаанд.

Ду сол пас аз он сафар Афғонов наздик буд дубора роҳи сафарро пеш гирад.

“Ман орзӯ дорам пиёда шаҳрҳои муқаддаси Урусалим ва Маккаро зиёрат кунам, – идома медиҳад шоир. – Соли 2012 имкон доштам ҳамин роҳҳро тай кунам. Вале падарам дар гузашт. Вақте, ки ман ду сол пас боз омода шудам, бадбахтие ба сарам омад. Модарам –Тамара Анисимовна – рӯзе уфтоду гарданаи ронашро шикаст. Ва ман мондам. Худоро шукр, модарам зиндаву саломат аст. Ҳоло ӯ 94 сола аст”.

Эмомали Рахмон посетил согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: мисли Лоиқ Шералӣ одамонро дар дунё кам дидаам

Алексей Афғонов дар Рязанро аз пирони хирад мешиносанд.

“Пир танҳо ба сол ҳастам, — механдад мусофир. Мо дар Рязан расман 6 ҳазор тоҷик дорем. Онҳо ҳамеша баҳс доранд, ки кадоме бузургтар аст. Ман ба онҳо мегӯям, ки ман бузургтар ҳастам ва ҳама қабул мекунанд. Вале дар асл ман бузург нестам. Ман коре бо касе надорам. Ниёзе ҳам надорам. Ман пирмард ҳастам, вале ҳамсарам ҷавон аст. Ман дигар барномаҳо дорам. Ман мехоҳам ба шаҳри Байтулмуқаддас сафар кунам”.

Миёни тоҷикони Рязан якчанд соҳибкоре ҳастанд, ки кору борашон хуб аст. Чанд созмони иҷтимоъӣ ва гурӯҳҳои ҳунариву фарҳангӣ фаъол ҳастанд. Кӯдакон ба китобхонаҳои кӯдакона мераванд. Барои онҳо онҷо барномаҳои кӯдакона, рақсу бозӣ ташкил мекунанд. Ҳама кӯдакон ба забони русӣ хуб ҳарф мезананд.

Ба ҳама забонҳо

“Китобҳои ман то Испониё, Юнон, Исроил, Амрико, Нурвеж ва Ҳинд ҳам расидаанд. Ман ба тоҷиконе, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд, китоб фиристодаам, – мегӯяд Афғонов. – Дар назар дорам китобҳои навам — “Ду бор муҳоҷир аз Иттиҳоди Шӯравӣ ” ва осори Садриддин Айнӣ ба ду забонро ба Тоҷикистон барам”.

Ҳамчунин тарҳи китоби чандзабонаи “Кӯҳзод”-ро пешниҳод хоҳам кард.

“Ин китоб маҷмуъаи шеърҳое аст, ки ба ҳама забонҳои роиҷ дар Тоҷикистон тарҷума шудаанд. – Дар ин китоб шеърҳо ба даҳ забони помирӣ, забонҳои яғнобӣ, русӣ, узбакӣ ва форсии тоҷикӣ гирдоварӣ шудаанд. Ҳама шеърҳоро худам тарҷума кардаам. Умедворам ин китобам мардумӣ хоҳад шуд”.

Дар поёни моҳи апрел шоир аз Рязан ба пойтахти Тоҷикистон сафар дорад. Дар Душанбе шабҳои эъҷодии шоир, нависанда ва мусофир баргузор хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0