Эмомалӣ Раҳмон: мисли Лоиқ Шералӣ одамонро дар дунё кам дидаам

Обуна шудан
Расҷумҳур махсусан гуфт, шоир ба шӯҳрати беандозааш нигоҳ накарда, бисёр шахси хоксор ва заминӣ буд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати бисёр самимиаш бо аҳли зиёи вилояти Суғд ва сокинони шаҳри Панҷиканд рӯзи 28 март дар Маҷмааи фарҳангиву эҷодии шаҳр, ки ба тозагӣ ифтитоҳ шуд,  хотираҳояшро аз шоири машҳури тоҷик Лоиқ Шералӣ нақл кард.

Раисҷумҳур гуфт, бо шоир  ҳатто пеш аз роҳбари давлат шуданаш, ҳамнишин буд ва ӯро хуб мединист. Пас аз раисҷумҳур инхоб шуданаш, Лоиқ яке аз шахсони ба вай наздик буд.

"Гарчанде ман ҳамчун роҳбари давлат бо он кас наздикӣ доштам, лекин то раисҷумҳур шудан, Лоиқ Шералиро хуб мешинохтам. Дар ноҳияи Данғара, дар шаҳри Душанбе якчанд маротиба дар сари миз сӯҳбатҳо доштем",- ба ёд меоавард кишвардор.

Эмомалӣ Раҳмон хоксории Лоиқро махсус қайд кард ва афзуд, "ӯ барин инсонҳо дар дунё хело каманд".

"Бисёр, бисёр ман дар симои ин кас як инсони хоксорро, бо ин қадар шӯҳрат зиёд,  дидам. Ин хел одамон дар дунё каманд. Бисёр кам",- таъкид кард раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кард, ки ҷавонон аз шеърҳои Лоиқ хусусан дар бораи ҷавонӣ ба хуби истифода барнад.

Раисҷумҳур афзуд: "Вақте ки давлат бошаду савлат бошаду ишқу муҳаббат набошад, қуввату дармон набошад, ин ҳама давлату савлат чизе нест. Шукронаи ҷавонӣ кунед ва дар зиндагӣ саросема нашавед".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ёдрас шуд, ки "Лоиқ Шералӣ дар раванди сулҳи Тоҷикистон низ хизмати бузург кардааст".

"Дар замоне, ки мо 27 июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонидем, мо рӯзи 28-ум ба Душанбе омадем. Дар фурудгоҳ манро намояндагони аҳли зиёи мамлакат ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт бо шеъру  суруд пешвоз гирифтанд. Он ҷо яке аз  аввалинҳое, ки ба ман гул тӯҳфа карданд, ин шодравон шоири маҳбуби ҳамаи мо Лоиқ Шералӣ буданд",-  ёдовар шуд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир раисҷумҳур писари Лоиқ — Диловар Шералиро ба ба наздаш даъват кард ва гуфт, "кам писаронеро дидаам, ки ин қадар ба падарашон монанд бошанд".

Сулҳи деринтизори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад

Ҷанги девонавори мо бигзашт

Сулҳи деринтизори мо омад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0