ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Темур Зулфиқоров — шоир ва адиби русзабони тоҷик имрӯз 81-сола шуд. Устод Зулфиқоров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, зодрӯзашро дар иҳотаи дӯстонаш ҷашн мегирад ва худро хушбахт ҳис мекунад.
Бо ин нобиғаи сухан пештар низ суҳбате ороста будем, ки дар он вай аз зиндагии хеш дар Тоҷикистон ва эҷодиёташ қисса карда буд. Темур Зулфиқоров мегуфт, ки аз табиати зебои Тоҷикистон илҳом мегираду ҳоло қишлоқеро ихтиёр кардаат ва доимо дар муошират бо мардуми он деҳа асту худро хушбахт мешуморад. Аммо…
Моҳҳои декабри соли гузашта дар Маркази фарҳангии Русия дар Душанбе намоиши филми мустанади Темур Зулфиқоров "Бриллианты в пыли времён" баргузор шуд. Зулфиқоров гуфта буд, дар ин филми мустанад аз хотираҳои хеш нақл кардааст ва дар бораи ҷоизаи Нобел ҳам андешаронӣ кардааст.
Устод мегуфт чанде аз ҷоизадорон ба Нобел сазовор нестанд.
"Ба назари ман раванди додани ҷоизаи Нобел филми детективиеро мемонад, зеро мо танҳо баъди 50 сол хабардор мешавем, кадоме аз ҷоизадорон аз ҷониби кӣ пешниҳод гардидаанд ва дар натиҷаи ҳамин пинҳонкориҳо якчанд одамони ноарзандае соҳиби Нобел шудаанд",- қайд карда буд ӯ.
Ба фикри ман, мегӯяд шоир, ҷоиза Нобелиро касе сазовор аст, ки тавонистааст ҷаҳонеро бунёд кунад ва ё адабиёти бузургеро таҳия кунад.
"Аз ҷумла, адабиёти офаридаи ман, тамоми ҷаҳонро фаро мегирад метавонад ба Нобел пешниҳод шавад",- афзуда буд вай.
Ман гуфта наметавонам, ки эҷодиёти ман бояд бо Нобел қадрдонӣ шавад, аммо замоне ки касони носазо ин ҷоизаро соҳиб мешаванд, дарк мекунам, ки ҳама умеди ман аз Нобел беҳуда ва бемантиқ аст, илова намуд вай.
Аммо чӣ ҷойи даъваи Нобел кунем мо тоҷикон, агар ин адиби бузургро, ки худ мегӯяд Тоҷикистонро ба тамоми қалбам дӯст медорад, қадр накунем. Яъне устод ҳарчанд се сол аст, ки дар Тоҷикистон аст, боре зодрӯзашро расман ҷашн нагирифтаем, ҳатто барои навиштаҳояш ба ҷоизае сазовор надонистем!
Наздикони устод нақл мекунанд, раисҷумҳур ба вай ҳуҷрае тӯҳфа кардаасту бо далели номаълуме шоирро дар он ба қайд намегиранд. Ба шоир нафақа таъин карданд, аммо бо далели номаълуме онро ду маротиба кам медиҳанд. Раисҷумҳур фармон додааст, ки назди рӯд барояш хонае бунёд кунанд, аммо то ҳол онро насохтаанд….
Имрӯз, ки Темур Зулфиқоров Тоҷикистонро ихтиёр кардаасту мо ӯро "намебинем", фардо пас аз гузашти солҳое, дар пеши дигарон Зулфиқоров аз тоҷикон аст гӯён ҷор заданӣ мо, шармандагие беш нахоҳад буд!!!