Дар Тоҷикистон бо ширкати нерӯҳои Русия размоиш баргузор мешавад

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти омӯзиш сарбозон ва афсарони Тоҷикистону Русия масоили марбут ба ҳамкориҳои фаврӣ дар мавриди сар задани таҳдид дар марзҳои ҷанубии ИДМ-ро тамрин мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Размоиши фаврӣ ва тактикӣ, ки аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон танзим меёбад, дар панҷ размоишгоҳҳои ҷануби кишвар гузаронида мешавад, хабар дод сухангӯи Вазорати дифоъ, Фаридун Маҳмадализода.

"Дар ҳудуди панҷ размоишгоҳи низомии вилояти Хатлон тамриноти бузургмиқёси нақшавӣ, ки аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ташкил карда мешавад, 14 март ба итмом мерасад. Дар рафти омӯзиш сарбозон ва афсарони Тоҷикистон ва Русия масоили марбут ба сар задани таҳдид дар марзҳои ҷанубии ИДМ-ро тамрин мекунанд", — иттилоъ дод вай.

Учения 201-й РВБ на полигоне Ляур - Sputnik Тоҷикистон
Халабонҳои пойгоҳи 201-ум дар кӯҳҳои Помир тамрин карданд

Ба гуфти  Маҳмадализода, дар омӯзиш намояндагони мақомоти амниятии кишвар, низомиёни эҳтиётии артиши миллӣ аз тамоми 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатӣ ва беш аз 200 сарбоз ва афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки тамриноти солонаи нақшавӣ, ки дар он тақрибан 40 000 сарбозони низомӣ ва захиравӣ иштирок мекунанд, дар размоишгоҳҳои "Лоҳур", "Сумбула", "Мумирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" сурат мегиранд.

"Дар онҳо тақрибан ҳазор адад мошинҳои зиреҳпӯш, автомобилҳо, артиллерия ва 40 ҳавопаймои ҷангӣ ширкат меварзанд", —  сухангӯи Вазорат идифоъ.

Мувофиқи маълумоти Маҳмадализода, марҳилаи ниҳоии тамринотро фармондеҳҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР назорат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0