ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Халабонҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар шароити номуътадили ҳаво, дар масири кӯҳҳои Помир тамрин карданд.
Халабонҳо ба вижа парвоз дар шароити номуътадил будани боду уҳаво, аз ҷумла парвоз ҳангоми ҷойгиршавии абрҳо дар баландии то 200 метр ва маҳдудияти уфуқӣ машқ карданд.
Экипажи чархболҳои ҷангии Ми-24 ва Ми-8 бо истифода аз роҳнамо, дар масири муайяни кӯҳҳои Помир парвоз карда размоиш карданд.
Пештар хабар дода шуд, ки Русия тавони размии пойгоҳҳои низомии худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар вокуниш ба таҳдидҳо аз сӯи Афғонистон афзоиш дод, гуфт мудири Дафтари севуми кишварҳои ҳамсуд дар Вазорати умури хориҷаи Русия.
"Марзҳои ҷанубии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дер боз ба иллати авзоъи Афғонистон дар маркази таваҷуҳи Маскав қарор доранд. Акнун бояд ҷобаҷоии ҷангҷӯёни шикастхӯрдаи ДОИШ аз Сурияву Ироқ ба Афғонистонро низ дар назар бигирем", — гуфт Александр Стерник.
Вай ёдоварӣ кард, ки ин хатарҳо "дирӯз падид наомадаанд" ва аз ин рӯ Русия ва ҳампаймонҳояш дар Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ва Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд "ҳамвора иқдомоти лозими пешгирона анҷом медиҳанд".