Узбакистон метавонад дар сохтусози нерӯгоҳи Роғун саҳм гузорад

Обуна шудан
Роҷеъ ба эҳтимоли ширкати Узбакистон дар сохтмони НБО-и Роғуни Тоҷикистон дар изҳороти муштараки раисҷумҳурони Узбакистон ва Тоҷикистон, пас аз гуфтушунидҳо гуфта шудааст

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Узбакистон метавонад дар сохтмони НОБ-и Роғун, бо таваҷҷӯҳ ба риояи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ, ширкат варзад, омадааст дар вебгоҳи Девони вазирони Узбакистон.

Дар ин вебгоҳ матни изҳороти раисиҷумҳурони Узбакистон ва Тоҷикистон, ки баъди гуфтушунидҳо дар Душанбе ба имзо расидааст, нашр шудааст. 

"Ҷониби Узбакистон омодагии худро ҷиҳати баррасии ҳаматарафаи имкони ширкат дар сохтмони иншооти барқу обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НОБ-и Роғун, изҳор намуд", — омадааст дар матн.

Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: Сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон сафҳаи наверо дар торихамон боз кард

Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа ба сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард. Ин нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон, пас аз сафари давлатии раисиҷумҳури собиқи Узбакистон Ислом Каримов (соли 2000) мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи муносибатҳои дуҷониба танҳо моҳи январи соли 1998 ба Тошканд рафта буд.

Тӯли 25 соли ахир байни кишварҳо мунтазам ихтилофоти назар рух медод. Душанбе ҷумҳурии ҳамсояро дар бастани роҳҳои оҳан айбдор менамуд.

Тошканд бошад, ҳамеша бар зидди сохтмони НОБ-и Роғун дар Тоҷикистон баромад мекард, ки ба андешаи мақомоти Узбакистон таҳдид ба соҳаи кишоварзии минтақа аст. Дар соли 2001 аввалан Узбакистон ва сониян Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0