Сомонаи ВУХ Узбакистон ба забони тоҷикӣ хабар нашр мекунад

© SputnikРабота за ноутбуком, архивное фото
Работа за ноутбуком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сомонаи ВУХ Узбакистон ба забони тоҷикӣ, хабарҳо дар бораи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Узбакистон дар сомонаи расмии худ бахши хабарҳои тоҷикиро боз кардааст.

Бештар дар ин бахш ба забони тоҷикӣ, хабарҳо дар бораи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, бозкушоии гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар хабарҳо мунташир шудааст.

То ин дам дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабарҳо танҳо ба забони узбакӣ (хатти лотинӣ), русӣ ва англисӣ нашр мешуд.

"Бахши нав, дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи Маҷлиси Олӣ ва ҳукумати Узбакистон "Овози тоҷик", ки оғоз аз соли 1924 инҷониб фаъолият дорад, рӯи кор омад. Хабарҳои нахустини бахши тоҷикӣ, дар бораи сафари расмии кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҷой гирифтааст",-омадааст дар хабарномаи ВУХ Узбакистон.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузории мардуми Суғд аз Эмомалӣ Раҳмон

Аз охирин хабарҳое, ки дар бахши тоҷикии сомонаи ВУХ Узбакистон дида мешавад, "Узбакистон-Тоҷикистон: сатҳи нави ҳамкорӣ" ном дорад, ки дар бораи сафари ду рӯзаи Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари ду рӯза аз Тоҷикистон боздид кард. Дар муддати ин рӯзҳо Мирзиёев бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Қоҳир Расулзода раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дидору мулоқот карда дар базми "Шоми дӯстӣ" ширкат кард.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ гуфт, ки бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо кишвардорон орзуи халқи тоҷику узбакро амалӣ карданд.

"Аҷдодони мо дар як замин зиндагӣ мекарданд, аз як чашма об менӯшиданду китф ба китф гузошта, якҷоя тамоми душворӣ ва озмоишҳоро паси сар мекарданд. Ин сафарро метавон таърихӣ номид, зеро мо он корҳоеро ба анҷом расонидем, ки халқҳо ва аҷдодонамон дар бораашон орзу мекарданд — яъне зиндагӣ кардан дар сулҳу осоиштагӣ", —гуфт Шавкат Мирзиёев.

Лентаи хабарҳо
0