Сипосгузории мардуми Суғд аз Эмомалӣ Раҳмон

© Фото : Официальная страница главы РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардуми вилояти Суғд барои ба ҳам овардани халқи Тоҷикистону Узбакистон ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 мар— Sputnik. Ин сипоснома дар равобити умумии ҳукумати ин вилоят мунташир шудааст, ки онро бетағйир ин ҷо бознашр мекунем.

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷаноби Олӣ, мо, мардуми сарбаланду шукргузори вилояти Суғд бо камоли саодатмандиву шодӣ сиёсати хирадмандонаи Шуморо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҷиҳати ба ҳам овардани халқҳои дӯсту бародар ва ҳамҷавор – тоҷику ӯзбек, мулоқоти гарму самимии Шумо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари давлатии ӯ хабар ёфта, оид ба барқарор кардани риштаҳои гусастаи равобити ду миллати ба ҳам дӯст, иқдоми таърихии Шуморо мавриди дастгирӣ ва пуштибонии ҳамаҷониба қарор додем.

Зикраш бамаврид аст, ки танҳо райъи сиёсии сарони ду давлати дӯсту бародар мушкилоти бештар аз бисту панҷсолаи байни халқҳои дӯсту ҳамсояро ҳал кард, ки дар ин масири пурмашаққат заҳмату ҷонбозиҳои Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, бесобиқа аст ва мо, бошандагони гуногунмиллати вилоят сипосмандиву аҷргузории самимии хешро изҳор медорем.

Мутмаинем, ки занҷири тиллоии дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек бо хиради азалии Шумо ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев то азал пайванду мустаҳкам мемонад ва муносибатҳои дӯстию ҳамсоягӣ ҳамеша густариш меёбанд. Сокинони вилоят муътақид ҳастем, ин иқдоми инсонпарваронаи Шумо қадами устуворе дар таъмини минбаъдаи густариши амният ва оромиву осоиштагӣ дар минтақа хоҳад шуд.

Мо, собиқадорони вилояти Суғд, аз номи кулли бошандагон ба Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, барои чунин ғамхориву меҳрубонӣ, заҳмату пофишорӣ, хирадмандӣ ва инсондӯстӣ, ки боиси сарбаландиву фараҳмандии мардум шуданд, арзи сипос гуфта, бароятон сиҳатии комил ва саодатмандӣ хоҳонем.

 

Лентаи хабарҳо
0