Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед

© Фото : Аз равобити умумии БМТҲамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Марказии Қатар дар сатҳи нав
Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Марказии Қатар дар сатҳи нав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ гуфта, ки Тоҷикистон метавонад тавассути ташкили низоми бонкдории исломӣ ҳамкориҳоро бо сармоягузорони кишварҳои араб вусъат бахшад

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, рӯзи 1 ноябр дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати расмии Бонки Марказии Қатар таҳти роҳбарии раиси бонк Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ дар доираи сафари кории худ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мулоқот кард. 

Раиси Бонки Марказии Қатар Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ гуфта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тавассути ташкили низоми бонкдории исломӣ ҳамкориҳоро бо сармоягузорони кишварҳои араб вусъат бахшад. Аз ҷумла, дар ҶТ имкон ҳаст дар ҳамбастагӣ бо сармоягузорони Қатар бонкҳои исломӣ ташкил карда шавад.

Абдугани Мамадазимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Саъудиҳо бар асари буҳрони Қатар аз сармоягузорӣ дар ҶТ даст кашиданд
    

Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ зимни вохӯрӣ аз таҷрибаи Бонки Марказии Қатар дар даврони буҳрони молиявӣ сухан карда, истифодаи чунин фишангҳоро ба монанди андешидани чораҳои танзимкунанда, аз қабили муассир намудани сиёсати монетарӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, ташкили Кумита оид ба устувории молиявӣ ва таҳким бахшидани бахши суғурта барои таъмини субот дар низоми бонкӣ қайд кардааст.

Раиси Бонки Марказии Қатар бо камоли майл изҳор дошт, ки дар ин самт омода аст бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, барои табодули таҷриба намудани мутахассисони Бонки миллӣ имконияти мусоид фароҳам оварад.

Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум, Шайх Абдулло ибни Сауд Оли Сонӣ баргузор намудани Форуми якҷояи соҳибкорону сармоягузорон ва ташкилотҳои қарзӣ бо ширкати ду ҷониб дар моҳҳои 4-5 уми соли 2018 пешниҳод намуд.

Рабочий на месторождении нефти в Ямало-Ненецком автономном округе. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Нархи нафту сӯзишворӣ гарон мешавад: назари коршинос ба қазияи Қатар

Дар навбати худ, роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ қайд намуданд, ки мутахассисони онҳо то андозае дар ҷодаи истифодаи усулу воситаи татбиқи низоми бонкдории исломӣ таҷриба андӯхтаанд ва дар маҷмуъ пешниҳодҳои раиси Бонки Марказии Қатарро дастгирӣ намуда, ба ҳамкории ҳамаҷониба омодаанд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҶСП "Казкоммертсбонк", ҶСП "Спитаменбонк", ҶДММ ТАҚХ "Алиф-Сармоя" ва дигар ташкилотҳои қарзӣ оид ба танзими молиявӣ ва пешгирии хавфҳо, истифодаи технологияи муосир ва комёбиҳои дар муҳлати начандон зиёд ба даст овардаи ташкилотҳои худ бо истифода аз баъзе аз хусусиятҳои бонкдории исломӣ ба иштирокдорон муаррифӣ (презентатсия) пешниҳод намуданд.

Лентаи хабарҳо
0