ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва баъзан ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шабона 8-10 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.