ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар муддати се рӯз, аз 11 то 13 март боду ҳавои Тоҷикистон номусоид мешавад
Ба гузориши Созмони обуҳавошиносӣ, аз 11 то 13 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид шуда, боридани боронҳои зиёд ва дар баландии 2000 м бориши барф дар назар аст.
Бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, инчунин дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешбинӣ мешавад.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тоеби марказ эҳтимоли омадани сел дар назар аст.
Дар баландии 2000 м фаромадани тарма дар назар аст.
Дар ин росто аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро кам кунанд ё бидуни зарурат ба ҷойҳои дур сафар накунанд.
Ба вижа ронандагон бояд дар ин се рӯз эҳтиёткор бошанд.