ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ин росто миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бунёди "MoveAbiblity" Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх ёддошти тафоҳум имзо шудааст.
Ба гузориши равобити умуми Вазорати тандурустӣ, дар бинои ин ниҳод дидори вазири тандурустӣ бо директори иҷроияи Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС MoveAbiblity) баргузор шудааст.
"Дар ин дидор миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бунёди "MoveAbiblity"-и Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх бо мақсади "Дастгирии хизматрасониҳо оид ба таъминоти шахсони маъюб бо таҷҳизоти техникии ёрирасон барои солҳои 2018 – 2019" ёдошти тафоҳум ба имзо расид", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, дар рафти мулоқот вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх гуфтушунид сурат гирифа, аз корҳои ба анҷомрасида изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати Намояндагии Федеросюни байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ баргузор шудааст.
Зимни cуҳбат масоили фаъолияти ФБҶСС ва ҲА дар ҷумҳурӣ, барномаҳои расонидани кӯмакҳои башардӯстона, фарогирии ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ баррасӣ шудааст.