ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тавофуқ дар ин замина дар дидори раиси КАИ ҶТ Рустам Назарзода ва мудири минтақаии КБСС Патрик Виала ҳосил шудааст.
Қарор шуда, ки КБСС барои кормандони Кумитаи авзоъи изтирорӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор кунад ва равоншиносонро барои ёрирасонӣ ба осебдидагон аз балоҳои табиъӣ омода кунад.
Дар ин дидор ҳамчунин дурнамои ҳамкории ин ду ниҳод дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.