Дар Душанбе сабти номи довталабони донишҷӯӣ оғоз шуд

Обуна шудан
Аз имрӯз, 1 март марҳилаи асосии номнависии довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои вурудии донишгоҳҳо барои соли 2018 оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Маркази миллии тестии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, номнависии довталабон то 15 апрел идома меёбад.

Дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳоноти вурудии донишгоҳҳо ҳаққ доранд, новобаста ба муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Таджикская школа - Sputnik Тоҷикистон
Эссе барои хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

Мувофиқи фармони вазири маории Тоҷикистон, бо дарназардошти шумораи умумии хатмкунандагони соли 2018 ва бо мақсади дастрасии баробар ба бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2018 дар 38 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 16 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст.

Довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.

Соли равон ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Барои хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2018 тавсия дода мешавад, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне, дар ҷойи 1‑ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12‑ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд ва пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихоби худро муайян кунанд.

Экзамен по языку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То панҷуми март: қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсили ройгон дар Русия

Навгониҳои низом дар ин сол хизматрасонии "Пешномнависӣ" дар ҳолати бархат (онлайн) аст. Он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии "Пешномнависӣ" хоҳишмандони бақайдгириро зарур аст, ки почтаи электронӣ дошта бошанд. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ зарур аст.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва низоми ИМД метавон аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки дар сомонаи Марказ http://ntc.tj/tj/ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Лентаи хабарҳо
0