ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки аз 1 феврал то 5 марти соли 2018 тариқи сомонаи интернетии russia.study бақайдгирии довталабон аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар асоси бурсияҳои ҷудонамудаи ин кишвар ба роҳ монда шудааст.
Довталабон метавонанд, худро дар сомонаи зикргардида ба қайд гирифта, дар имтиҳони қабул, ки даври аввали он аз 9 то 23 марти соли 2018 сурат мегирад, иштирок намоянд.
Дар мавриди бо муваффақият супоридани имтиҳонҳо довталабон имкон доранд, дар макотиби олии интихобкардаашон дар Русия таҳсил намоянд.
Имтиҳонҳои дохилшавии довталабон ба таври онлайн сурат мегирад. Донишомӯзони тоҷик метавонанд барои таҳсил дар бахшҳои бакалавр, магистратура ва аспирантура ҳуҷҷат супоранд.