Эссе барои хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикская школа
Таджикская школа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонандагони синфҳои 11 мактабҳои Тоҷикистон се соат дар як ҳафта эссе хоҳанд навишт

ДУШАНБЕ, фев 5 — Sputnik. Дар мактабҳои Тоҷикистон аз 1 феврал дарсҳои ҳатмии эссе барои хонандагони синфи 11 ҷорӣ мешавад, хабар медихад маркази матбуотии Вазорати илм ва маорифи ҷумҳурӣ.

Ин дарс бо таваҷҷуҳ ба роҳандозии озмуни иншонависӣ ё эссе дар имтиҳоноти вурудии донишгоҳҳои кишвар аз ҷониби Маркази миллии озмоишӣ ҷорӣ шудааст. 

Ин дарс дар ҳама мактабҳои кишвар то поёни соли ҷории таҳсил – аз ҳисоби дарсҳои забони модарӣ, адабиёт ва машғулятҳои беруназсинфӣ, ё бо истифода аз дигар имконоти дарсӣ баргузор хоҳад шуд.

Омӯзгорони забону адабиёт ҳангоми арзёбии ин эссеҳо риояи қоидаҳои имло ва матннависиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамзамон ба омӯзгорон тавсия дода мешавад то хонандагонро тавҷеҳ кунанд, ки эссе бояд ба забони содаву адабӣ навишта шавад.

Лентаи хабарҳо
0