ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Мақомоти Ню-Йорк дар ҳошияи ҳалли баҳси кашидани рӯйсарӣ ба се зани мусалмон 60 ҳазор долларӣ товон медиҳад.
Дар ин бора рӯзноамаи New York Times дар истинод ба ҳуҷҷатҳои додгоҳ хабар медиҳад.
"Ин баҳс бо ширкати занон ва намояндаҳои мақомот ҳал карда шуд"- гуфтааст намояндаи шуъбаи ҳуқуқии шаҳрӣ Кимберли Джойс.
Парвандаи се зан дар алоҳидагӣ дида баромада шуда буд. Дар ҳар се ҳолат ҳам, занҳо гуфта буданд, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст. Тавре ҳомии ҳуқуқии онҳо, Тахани А. Абуши (Tahanie A. Aboushi), таъкид кардааст, парвандаи ҳар се зан ба додгоҳ супурда шуда буд, аммо он бе эълом ҳукми суд баста шуд.
Дар соли 2012 пулиси Ню-Йорк як духтари макбахонро ба иттиҳоми таҳқир дастгир карда буд. Он вақт пулис аз ин духтар хоҳиш мекунад, ки барои акс гирифтан барои ҳуҷҷатҳо рӯйсариашро кашад, аммо духтар аз ин кор даст нигоҳ дошта буд.
Дар ҳолатҳои дуввум ва севвум, ки дар соли 2015 рух додааст, занҳоро ҳамчунин пас аз дастгиршавӣ маҷбур мекуннад, ки барои аксгирӣ рӯймолашонро кашанд.
Зане бо номи Ҷ.Ҳ. (J. H.) дар полис тавзеҳ додааст, ки наметавонад рӯймолашро дар назди мардони бегона кашад. Аммо занро маҷбур карданд, ки ҳиҷобро аз сар берун кунад.
Дар ҳамин сол, зане аз ноҳияи Квини Ню-Йорк пас аз ҷанҷол бо ҳамсояш аз барои ҷой дар таваққуфгоҳ ба полис оварда шуда буд, он замон ҳам занро маҷбур карданд, ки барои акс гирифтан рӯймолашро кашад.