ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", Раҷино Мустафо, номзади интихоботи шаҳрдории шаҳри Рочестер ба унвони аввалин шаҳрдори мусулмони иёлати Миннесота гуфт, «Ҷунбиши милишё» (шибҳинизомиён) авоили ҳафтаи кунунӣ дар фазои интернетӣ, ӯро таҳдид ба марг кардаанд.
Ба гуфтаи Раҷино Мустафо, ин таҳдид рӯйи шарҳе, ки вай дар "Google Plus" қарор дода буд, навишта шудааст.
Раҷино дар сафҳа "Твиттер"-и худ таъкид кард, ҳаргуна таҳдидеро ҷиддӣ мегирад; Аммо ин таҳдидот ӯро аз масири аслӣ мунҳариф намекунад.
Тибқи ин гузориш, ҳудуди 12 ҳазор нафар аз ҷамъияти 114 ҳазор нафарии шаҳри Рочестерро мусулмонон ташкил медиҳанд.
Шӯрои равобити исломии Амрико дар вокуниш ба ин таҳдид аз пулис хост, то ба мавзӯ расидагӣ кунад.
Ҷилони Ҳусайн, мудири иҷроии Шӯрои равобити исломии Амрико, гуфт, ин шӯро аз мақомоти аёлотӣ ва федерал мехоҳад, то дар бораи ин таҳдид, таҳқиқ кунад.
Аз замони роҳёбии Доналд Трамп ба Кохи Сафед ва рӯйкарди нажодпарастона ва исломситезонаи вай, иқдомот алайҳи мусулмонон ва ақаллиятҳои динӣ ва нажодӣ дар Амрико ташдид шудааст.