Сарвазири Британия барои боздид аз масҷид ҳиҷоб пӯшид

© REUTERS \ Phil NobleТереза Мэй премьер министр Великобритании, архивное фото
Тереза Мэй премьер министр Великобритании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Британия бо риояти ҳиҷобу пушиши исломӣ, аз яке аз масоҷиди Лондон боздид кард

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Нахуствазири Британия Тереза Май бо риояти ҳиҷобу пушиши исломӣ, аз яке аз масоҷиди Лондон боздид кард, хабар медиҳад "Парстудэй".

Ба иттидои манбаъ, Тереза Май дар тарҳи "Аз масҷиди ман дидан кунед", аз як масҷид дар Майденҳеди Лондон боздид кардааст.

"Беш аз 200 масҷид дар саросари Британия дар ростои иҷрои тарҳи "Аз масҷиди ман дидан кунед" ва бо ҳадафи ошно шудани пайравони соири адён бо ислом ва муқобила бо исломҳаросӣ, дарҳои худро ба рӯи мардуми ғайримусулмон боз карданд",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Маркази исломии Британия ин тарҳро ба иҷро гузоштааст.

Тарҳи "Аз масҷиди ман дидан кунед", ҳарсола дар 18 феврал баргузор мешавад.

Тереза Май сиёсатмадори англис ва нахуствазири феълии Британияи Кабир мебошад. Вай аз соли 2016 нахуствазир ва раиси ҳизби суннатии Британия аст.

Лентаи хабарҳо
0