ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ ин ярмаркаҳо бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ баргузор карда мешаванд.
Дар ин росто шаҳрдор дастур додааст, ки нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.
Ҳамчунин мувофиқи қарори Рустам Эмомалӣ, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, хадамоти давлатии оташнишонӣ, назорати давлатии байторӣ, ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вазифадор шудаанд, ки қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.