Қарори Рустам Эмомалӣ дар барои оғози мавсими "Ҳаҷ-2018"

© SputnikПаломники из Таджикистана отправляются в хадж
Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе оид ба омодагии муташаккилона ба мавсими "Ҳаҷ-2018" дар шаҳри Душанбе қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, дар ин росто қарор шудааст, оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018" дар шаҳри Душанбе  комиссияи шаҳрӣ таъсис дода шавад.

Комиссияи мазкур вазифадор шуда, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018" тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо зарур аст, баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ба комиссияи шаҳрӣ то муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.

Тибқи қарори шаҳрдорӣ, раиси комиссияи шаҳрӣ дар шаҳри Душанбе бояд то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ирсол намояд.

Лентаи хабарҳо
0