Қосимшоҳ Искандаров: бо нерӯи низомӣ наметавон теруризмро дар Афғонистон шикаст дод

© Фото : Из личного архива Косимшо ИскандароваКосимшо Искандаров
Косимшо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистон дар ин авохир чунон аст, ки печидитар карданаш метавонад ба суди бисёре аз созмонҳову кишварҳо бошад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik, Андрей Захватов. Рухдодҳои Афғонистон имрӯзҳо боз дар сархатти хабарҳои ҷаҳон ҷой гирифтаанд. Ин рухдодҳову мушкилоти Афғонистонро дар суҳбат бо дуктури улуми торих, мудири Маркази мутолиоти Афғонистон Қосимшоҳ Искандаров баррасӣ кардем.

—  Дар чанд моҳи ахир вазъ дар Афғонистон ҷиддан нигаронкунанда шудааст. Кадом яке аз рухдодҳоро коршиносон муҳимтар ва таъсиргузортар дар авзоъ мешуморанд?

— Пеш аз ҳама бадтар шудани вазъи амниятиву сиёсӣ ва афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ нигаронкунанда аст. Ахиран дар Кобул ва бархе аз вилоёт даҳҳо амалиёти интиҳорӣ рух дода, ки садҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштанд, ки пешина надошт.

Косимшо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон
Қосимшоҳ Искандаров: ниёзе ба бозгашти марзбонони Русия ба Помир нест

Яке дигар аз падидаҳои нигаронкунанда густариши нуфузи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон аст. Вале коршиносон дар арзёбии фаъолияти ДОИШ дар он кишвар ихтилофи назар доранд. Бархе бар ин назаранд, ки ин “хилофат” абзори сиёсати Амрико аст, ки бар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия таҳдид мекунад. Дигар коршиносон бар ин боваранд, ки ақоиди ДОИШ барои мардуми Афғонистон бегона ҳастанд ва ояндае дар ин кишвар надоранд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки “вилояти Хуросон” (шуъбаи ДОИШ дар Афғонистон) ҳамон “Давлати исломие” нест, ки дар кишварҳои арабӣ буд. Ҷангҷӯёни “вилояти Хуросон” аксаран паштун, яъне афғон, ҳастанд ва бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои хешовандии онҳо, метавон гуфт, ки онҳо дар кишвари худашон ҷойгоҳе ба даст хоҳанд овард.

—  Оё метавон бо ин иддиъои фармондеҳони нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон розӣ шуд, ки мегӯянд бо ДОИШ бо муваффақият мубориза мебаранд?

— Шояд амрикоиҳо худ ба ин иддиъояшон бовар дошта бошанд. Вале, воруна бар иддиъоҳои фармондеҳонашон аз пирӯзиҳои чашмгир бар “Хилофат”, ҷангҷӯён дар шаш моҳи ахир пойгоҳашонро дар бархе аз манотиқ устувортар карда ва фаъолтар сарбозгирӣ мекунанд.

Бино ба додаҳои коршиносони афғонистонӣ, ДОИШ бештарин нуфузро дар вилоятҳои шарқӣ – Нангарҳор, Кунар, Лағмон то канораҳои Кобул), ҷанубу шарқӣ (то вилояти Бодғис) ва шимолу ғарбӣ (Ҷузҷон, Форёб ва Сари пул) дорад.

—  Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар мусоҳибае бо шабакаи телевизюнии CBS гуфта буд, ки ҳукумати Афғонистон дар андак замоне фурӯ хоҳад пошид, агар Амрико аз он пуштибонӣ накунад. Оё ин гуфта ба ин маъност, ки Кобул хостори ҳузури доими нерӯҳои Амрико дар Афғонистон аст?

— Инро ки ҳукумати Афғонистон бе пуштибонии Амрико дер намепояд, сиёсатмадорони мухолифи ин давлат ва коршиносон низ ҳамвора ёдоварӣ кардаанд. Акнун ин воқеъиятро Ғанӣ ҳам пазируфт. Вале ӯ пуштибонии молиро дар назар дошт, ки мегуфт “бе ёриҳои молии Амрико наметавонем аз артишамон ҳатто 6 моҳ ҳам пуштибонӣ кунем”.

Лавров рассказал, о чем удалось договориться на переговорах с Керри по Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров: Русия ҳаргиз аз "Толибон" пуштибонӣ накардааст

Агар ин ҳукумат бе пуштибонии Амрико наметавонад вуҷуд дошта бошад, ки воқеъият дорад, мантиқан ин натиҷа ба даст меояд, ки Кобул розӣ аст, ки нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд. Оё нахустин санади байналмилалиеро дар ёд доред, ки пас аз раисҷумҳур шудани Ғанӣ имзо шуда буд? Он тавофуқномаи таъмини амнияти Афғонистон бо Амрико буд, ки Карзай то поёни муддати раёсаташ имзо накарда буд. Аз ин рӯ, ҳаддақалл то интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки амрикоиҳо номзади муносибе пайдо накунанд, Амрико кӯшиш хоҳад кард дастнишондаи худро сари қудрат нигаҳ дорад.

—  Оё сохтори гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангҷӯ дар Афғонистон дар паи рухдодҳои Сурия дигаргун шудааст?

— Интиқоли теруристҳои шикастхӯрда ба Афғонистон пешбинӣ мешуд ва саранҷом чунин ҳам шуд. Беш аз 2 ҳазор ҷангҷӯи пешини Ҳизби исломии Афғонистон ба ДОИШ пайваставу бо нерӯҳои Сурия меҷангиданд. Онҳо пештар ба “Толибон” пайваста буданд ва гӯё Яман рафта буданд, аммо сар аз Сурия ва Ироқ ба дар оварданд. Бархе аз онҳо ба Афғонистон бар гаштаанд.

Ҳастаи ДОИШ-ро дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҷангҷӯёни “Ҳаракати исломии Узбакистон”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ансоруллоҳ” ва дигар гурӯҳакҳо ташкил медиҳанд. Бино бар бархе гузоришҳо, теруристҳо аз Сурия ба вилояти Бадахшон ҳам расидаву гарм пешвоз гирифта шудаанд.

—  Кадом дигаргуниҳо дар вазъ Кобулро бештар нигарон мекунанд?

— Табиъист, ки фаъол шудани ҷангҷӯён ҳукуматро шадидан нигарон мекунад. Аммо вазъ дар дохили Афғонистон ҳам бесубот аст. Коршиносони афғонистонӣ бархӯрди давлати Ашраф Ғанӣ бо нухбагони сиёсии ғайрипаштунро низ ҷиддан пайгирӣ доранд. Яке аз доғтарин мавзуъҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъии афғонистонӣ дар ин авохир барканор кардани Ғанӣ Атомуҳаммад Нурро аз симати раёсати вилояти Балх аст. Ба эҳтимоли бисёр, Кобул вокуниши мардуми вилоятро пешбинӣ накарда буда, ки суботу амнияти вилоятро ба фаъолияти Нур вобаста мекунад. Нигаронии мардум қобили дарк аст – мардум бар ин боваранд, ки бо барканории Нур раванди ифротӣ шудани шимол шитоб мегирад ва Балх ҳама дастовардҳои 15-солаашро аз даст хоҳад дод.

—  То ҷое, ки медонам, бахши бузурге аз шаҳрвандони Афғонистон намехоҳанд, ки миллияташонро дар шиноснома афғон бинависанд. Шумо дар ин бора чи иттилоъе доред?

— Назарҳо дар ин мавзуъ мухолифанд ва баҳсу мунозираҳо дар Маҷлиси қонунгузори Афғонистон ҳамчунон идома доранд. Қонуни сабти аҳволи нуфуси Афғонистон дар замони раёсати Ҳамид Карзай тасвиб шуда буд. Барои ҳалли ин қазия кумисюне ташкил шуда буд, ки қарор дод ҳама шаҳрвандони Афғонистон дар шиноснома “афғон” навишта шаванд. Аммо бархе аз намояндагон бо ин фурмулбандӣ мухолифанд ва мегӯянд, ки раисҷумҳур ҳаққ надорад чунин дастуре бидиҳад ва талаб доранд, ки ё қавмияти ҳар кадоме аз мардумони Афғонистон дар шиноснома дарҷ шавад ва ё ин ки аз баҳри қавмият бигзаранд ва танҳо шаҳрвандиро сабт кунанд.

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ

Тарафдорони чунин рӯйкард мегӯянд, ки “афғон” бо “паштун” инҳамон аст ва набояд дигар мардумонро “афғон” номиду навишт. Дар нигоҳи аввал ин масъала ҷузъӣ ба назар мерасад, вале баҳсу мунозираҳо дар ин мавзуъ вазъро дар кишвар чунон доғ кардаанд, ки ҷанҷол метавонад ба ҷанг миёни қавмҳо табдил ёбад.

—  Чанде пеш гузоришҳое расиданд, ки Чин бо ҳамоҳангӣ бо Кобул дар вилояти Бадахшон пойгоҳи низомӣ хоҳад сохт. Оё ин пойгоҳсозӣ ба он маъност, ки Чин мехоҳад аз рахнаи эҳтимолии ҷангҷӯён ба вилояти Синҷиён-Уйғуристон пешгирӣ кунад?

— Бадахшон вилоятест, ки бо Тоҷикистон, Покистон ва Чин ҳаммарз аст ва ҳамин ҷойгоҳ он вилоятро дорои аҳамияти стратегӣ мекунад. Бадахшон аз пайраҳаҳои кӯҳистонӣ бо Панҷшер ва дигар вилоятҳои шарқии Афғонистон иртибот дорад. Ҷангҷӯён метавонанд аз ин вилоят ба дигар манотиқ ҳамла кунанд ва боз гарданду инҷо пинҳон шаванд. Аз ин рӯ, Пекин ҳама талошашро хоҳад кард то роҳи ҷангҷӯёни уйғурро пешопеш бибандад.

Аммо бояд тавзеҳ дод, ки манзур аз пойгоҳсозӣ сохтани пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон нест, балки сохтани подгоне барои нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон бо пуштибонии молӣ ва таслиҳотии Чин аст. Пекин дар умури фармондеҳии ин подгон мудохила нахоҳад кард. Чин пеш аз ин ҳам милюнҳо дулор кумаки низомӣ ба Афғонистон расонда, зеро амният дар он кишвар барояш муҳим аст то аз манофеъи иқтисодиаш дар он пуштибонӣ кунад.

—  Оё Тоҷикистон метавонад ба Чин кумак кунад то тавассути Помир ба ин минтақа дастрасӣ дошта бошад?

— Манзур ҳамлу нақли коло, аз ҷумла таҷҳизоти низомӣ, аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон аст, аз ин рӯ, фикр мекунам, ки чунин ҳамкорие бо манофеъи Тоҷикистон, Афғонистон ва Чин дар таъмини амният ва коҳиши таҳдидҳои теруристӣ созгор аст.

—  Вазири умури хориҷии Амрико Рекс Тиллерсон дар моҳи августи соли 2017 гуфта буд, ки сулҳ дар Афғонистон танҳо бо гуфтушунид имконпазир аст. Метавон ҳадс зад, ки Русия низ ҳамин назарро дорад, чун Маскав эълом карда буд, ки омода аст мизбони гуфтугӯҳои сулҳ бошад.

— Аз гуфтушунид бо “Толибон” аз замони сарнагунияшон дар соли 2001 то кунун бисёр гуфтаву мегӯянд. Манзур аз гуфтугӯ музокира бо толибони ба истилоҳ муътадил буд. Мутаассифона, ин гуфтугӯҳо натиҷае надоданд.

Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов: ДОИШ Афғонистонро пойгоҳ барои ҳамла ба Осиёи Марказӣ мекунад

Мушкил инҷост, ки Амрико ва Русия рӯйкарди яксон ба музокирот надоранд. Агар мубтакири музокирот Вашингтон бошад, Маскав дар он ширкат намекунад ва баръакс. Агар Русия Толибонро ба музокирот фаро хонад, бархе аз гурӯҳҳо дар Афғонистон дар расонаҳо таблиғоти зиддирусиро роҳ меандозанд. Мусалламан, Русия аз Амрико иҷоза намегирад ва толибон ҳам омода ҳастанд ба Маскав бираванд. Вале, ман бар ин назарам, ки барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон бояд ҳама тарафҳо ҳамоҳанг шаванд.

Чанде пеш Тошканд мизбонии худро барои баргузории гуфтугӯҳо миёни “Толибон” ва ҳукумати Афғонистон пешниҳод карда буд. Гуфта мешавад, ки ҳам Толибон ва ҳам ҳукумати Афғонистон ин пешниҳодро пазируфтаанд. Аммо муҳим на ҷои баргузорӣ, балки натиҷаи музокирот аст.

—  Бино ба гузориши расонаҳо, масъулияти ҳамла ба ҳутели “Интерконтинентал” ва шаҳраки дипломатнишин дар Кобулро “Толибон” ба уҳда гирифтааст. Ин гузоришҳо то куҷо дуруст ҳастанд? Ин ҷунбиш, ки мехоҳад ҳукуматро дар кишвар ба даст бигирад, чи далеле дорад, ки шаҳрвандони худро нобуд кунад?

— Аз дидгоҳи ақли салиму мантиқ ҳаққ бо Шумост. Вале на аз дидгоҳи яе созмони ҷиҳодӣ. “Толибон” то кунун ҳазорҳо амалиёти теруристӣ баргузор кардаву даҳҳо ҳазор касро қурбонӣ кардааст. Бино ба гузориши солонаи ВУХ Амрико, ҷангҷӯёни “Толибон” танҳо дар як соли 2015 беш аз ҳазор бор амалиёти интиҳорӣ анҷом додаву беш аз 4500 касро куштааст.

Маъмулан масъулияти амалиёти интиҳориро ё ДОИШ ва ё “шабакаи Ҳаққонӣ” бар уҳда мегиранд. Вале ин “шабакаи Ҳаққонӣ” чи созмоне аст? Он бахше аз “Толибон” аст ва раҳбари ин шабака муовини раҳбари “Толибон” аст.

Чуноне ки дониста аст, “Толибон” чанд шуро дорад. Вале мушкил дар ин аст, ки ин гурӯҳ раҳбарии мутамарказ надорад ва ҳар кадоме аз сохторҳояш мустақилона амал мекунанду аз касе фармон намебаранд ва ҳар яке суфоришҳои пуштибонҳои худро иҷро мекунад.

—  Торихи Афғонистон саршор аз намунаҳоест, ки муттаҳидони дирӯза имрӯз бо якдигар душман мешуданду фардо боз оштӣ мекарданд. Гоҳе равобит миёни гурӯҳу созмонҳои афғонистонӣ чунон печида аст, ки ба осонӣ наметавон онро баррасӣ кард…

— Бале, дуруст аст. Аз ҷанг то оштӣ миёни нерӯҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистон як гом аст. Чунончи, кӣ гумон мекард, ки Гулбидин Ҳикматёр – ин бунёдгарои исломӣ ва миллатгарои паштун, метавонад бо Абдулрашид Дӯстум – “коммунист-муҷоҳид” ва узбак, муттаҳид шавад? Вале дар поёни соли 1993 манофеъашон дар барканории Бурҳониддин Раббонӣ муштарак шуд. Онҳо ба ном Шурои ҳамоҳангии инқилоби исломиро ташкил карданд ва 1 январи соли 1994 даст ба кудато заданд то давлати Раббониро барканор кунанд, аммо пас аз шикаст дубора ҷудо шуданд. Аммо созмонҳои ҷиҳодӣ табиъати ҳамсон дорандю Идеулужияшон бо якдигар чандон мутафовит нест ва аз як манбаъ ҳам сармоягузорӣ мешаванд.

—  Оё метавон гуфт, ки ҳамлаҳои интиҳории ахир кори “Толибон” ҳастанд?

— Раиси Идораи кулли амнияти миллии Афғонистон Маъсум Станекзай ҳануз порсол гуфта буд, ки ҷанг дар ин кишвар моҳияте печидатар касб кардааст. Ахиран гузоришҳое пахш мешаванд, ки бисёре аз амалиёти интиҳории пурқурбониро “Толибон” анҷом дода, вале масъулияташонро ДОИШ ба уҳда гирифтааст. Ҳамчунин буда, ки амлиётро созмони теруристии “Лашкари Тайиба” анҷом додаву ҳазинаашро “Толибон” таъмин карда ва масъулияташро ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

Гульбеддин Хекматияр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Гулбиддин Ҳикматёр ҷангҷӯёни ДОИШ-ро ба Афғонистон мебарад

Маъсум Станекзай ҳамчунин гуфта буд, ки ҳазораҳои шиъамазҳабро, ки дар кони ангиште дар вилояти Бағлон кор мекарданд, Фиш-Фиш ном яке аз фармондеҳони саҳроии “Толибон” кушта буд, вале масъулияти ин кушторро ДОИШ ба уҳда гирифт.

Бархе аз коршиносон шакк доранд, ки ҳамла ба бемористони низомии сардор Муҳаммад Довудхон маъруф ба “Чаҳорсадбистар”-ро, ки 8 марти 2017 рух дода буд, ҷангҷӯёни ДОИШ анҷом додаанд. Дар он ҳамла 38 кас кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуда буданд.

Шояд бархе аз гурӯҳакҳои вобаста ба “Толибон” дар омодасозии ҳамалоти пурқурбонии ахир даст дошта бошанд, вале фикр намекунам, ки танҳо “Толибон” масъули ин амалиёт бошад.

Вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистон дар ин авохир чунон аст, ки печидитар карданаш метавонад ба суди бисёре – аз гурӯҳҳои теруристӣ гирифта то созмонҳои истихборотиву амниятии бархе аз кишварҳо ва ҳатто гурӯҳҳои муайяне дар Кобул – бошад.

Лентаи хабарҳо
0