ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Русия ҳаргиз аз гурӯҳи ифротии "Толибон" пуштибонӣ накарда ва онро мусаллаҳ накардааст, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Ҳаргиз ҳеч далелу бурҳоне вуҷуд надошта ки собит кунад, ки Русия аз "Толибон" пуштибонӣ кардааст, чуноне ки бархе аз мақомоти амрикоӣ иддиъо кардаанд. Ҳеч мадраке ҳам дар ин бора нест, ки Русия "Толибон"-ро мусаллаҳ кардааст", — гуфт Лавров ҳангоми суханронӣ дар Деҳлӣ.
Вай афзуд, ки Русия бо "Толибон" танҳо дар сурате тамос гирифта, ки ё ба шаҳрвандони Русия ва ё шаҳрвандони кишварҳои муттаҳидаш аз онҳо осебе расида бошад, ва ё ин ки хоста Толибонро розӣ кунонад ки пушти мизи музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон биншинанд.
Лавров ёдоварӣ кард, ки чанде пеш Амрико аз "Толибон" хост бе ҳеч пешшарте ба ин музокирот бипайванданд.
Чанде пеш "NBC News" дар як гузориш аз забони Ҷон Никулсун, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфта буд, ки Русия Толибонро қонунӣ карда, онҳоро бо нафту пул ва силоҳ таъмин мекунад ва изҳороти Толибону матолиби матбуоти озодро далел меорад.
Дар вокуниш ба ин изҳорот сафорати Русия дар Кобул дар эъломияе, ки рӯнавишташ ба Sputnik фиристода шуда, гуфт: "Интишори ин хабар аз сӯи "NBC News" ва бознашри он дар бархе аз расонаҳои Афғонистон ва нашри эъломияҳое аз сӯи "матбуоти озод" ин тасаввуро падид меорад, ки "амрикоиҳо акнун дигар ғафлат карда ва ба дурӯғҳои худ бовар кардаанд, зеро чунин хабарҳо танҳо ва танҳо сохтаи дасти расонаҳои амрикоиву инглисӣ, аз ҷумла CNN, The Times, NBC News ва дигарҳо ҳастанд".
Сафорат ингуна ахборро, ки расонаҳои ғарбӣ ба кор мебаранд "дурӯғин" ё "fake news" хонда ва ёдоварӣ карда, ки "ошкорсозии ин хабарҳои дурӯғин барои коршиносони умури сиёсӣ ва расонаӣ кори чандон душвор нест".