ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Бархе аз расонаҳои афғонистонӣ дар паи сафари пинҳонии Гулбиддин Ҳикматёр ба Туркия ва Арабистон эълом карданд, ки раиси Ҳизби исломӣ талошҳоеро барои бурдани ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристӣ ба Афғонистон оғоз кардааст.
Ба гузориши родюии тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз расонаҳои афғонистонӣ, Гулбиддин Ҳикматёр дар сафар ба Туркия ва Арабистон бо раҳбарони гурӯҳҳои такфирӣ, аз ҷумла “Ҷабҳат-ун-Нусра”, дидорҳое доштааст.
“Сафари Ҳикматёр ба Арабистон пас аз сафари вай ба Туркия, баёнгари талоши раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон барои ноамн кардани минтақа аст. Пеш аз ин низ Ҳикматёр дар Афғонистон бо гурӯҳи теруристии ДОИШ байъат карда буд”, — гуфтаанд расонаҳои афғонӣ.
Раҳбарони сиёсӣ ва расонаҳо дар Афғонистон борҳо ҳамкории раҳбари Ҳизби исломӣ бо гурӯҳи теруристии ДОИШ-ро ошкор кардаанд. Чунончи, Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон, гуфта буд, Ҳикматёр бо суъистифода аз тавофуқномаи сулҳ бо давлати Афғонистон, аъзои гурӯҳи теруристии ДОИШ-ро таҳти унвони аъзои Ҳизби исломӣ, аз зиндонҳои ин кишвар озод мекард.