Чу узве ба дард оварад рӯзгор: консерти хайрияи овозхонҳои бадахшонӣ дар Маскав

© Фото : Новоженина Евгения Благотворительный концерт Памирских звезд
Благотворительный концерт Памирских звезд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи "Ҷирай", Толиб Саодатқадамов, шоири ҷавон Фаромӯз Ақдодов, Аличони Қимматшо ва Анваршои Саидик барои кумак ба Акмал Меҳрубонов, ки аз бемории норасоии гурда азият мекашад консерт баргузор карданд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҳунармандони бадахшонӣ дирӯз, 14 январ дар тарабхонаи "Соло" дар Маскав консерти хайрия баргузор карданд.

Даромаде, ки аз ин консерт ҷамъ шуд, барои ҷарроҳии Акмал Меҳрубоншоев ном ҷавоне аз шаҳри Хоруғ ҳазина мешавад, ки чанд сол боз аз норасоии гурда ранҷ мебарад.

Барои дастгирии Акмал ва тамошои ҳунари овозхонони Бадахшон ҷавонону миёнсолон, дӯстону пайвандон ва хонаводаҳои ҷавон ҳамроҳи кӯдаконашон омада буданд.

Чунин менамуд, ки ин як маҳфили хонаводагӣ бошад. Тамошобинонро аз дар ризокорон бо як самимияту дилгармӣ хушомадед мегуфтанду ба курсиҳои нарми толор ҷой дода бо меҳмоннавозӣ чойи гарм пешниҳод мекарданд, ки махсус аз ҷониби соҳиби тарабхона дар ин рӯз ройгон дода мешуд.

Бани одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор

Ситора Шохдавлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Шоҳдавлат: бо дӯстони накӯкорам ифтихор дорам

Бо ин шоҳбайтҳои Саъдии Шерозӣ муҷрии консерт Маърифат ба аҳли толор арзи салом карду ҳар яки онҳоро барои саховатмандӣ ва дастгирии Акмал сипос гуфта ба саҳна Далер Мирзошоев овозхони гурӯҳи "Ҷирай"-ро даъват кард.

"Аз дидори ҳар яки шумо шодем. Орзумандам Худованд ба ин бародарамон шифо диҳад", — гуфт Далер ва ҳунарнамоияшро аз суруди "Биё дил" оғоз кард, ки порсол сабт шуда буду бештарин ҳаводоронро ба даст овардааст.

"Вақте бародарон ба мо занг зада дар бораи бемории Акмал гуфтанд ва пешниҳоди баргузории консерт карданд, мо бечуну чаро розӣ шудем. Чунин консертҳои хайрияро кам баргузор накардаем. Пеш ҳам дар консертҳои хайриявӣ мо ширкат кардаем", — гуфт Далер Мирзошоев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Далер Мирзошоев чанд таронаи дигарашро ҳам суруд ва муҷрӣ ба саҳна овозхони дигари ин гурӯҳ Акмал Ошурмамадовро даъват кард.

"Ташаккур барои ҳузури ҳар яки шумо. Барака ёбед", —гуфт Акмал ва ба сароидани сурудҳои "Дил бувад асири ишқ", "Шод омадӣ", "Дил ба ту додам ай парӣ" пардохт.

Дар баробари шунидани навои "рапой" (яке аз маъруфтарин оҳангҳои  рақсии мардуми Бадахшон, — шарҳ аз идора) раққосони моҳир ба майдон омаданд. Ҳар яке бо дастафшониву шонаҷунбонию покӯбӣ тамошобинонро ба ваҷд оварданд, вале бештари раққосон занон буданд. Шумораи мардон ҳам дар толор кам набуд, вале аз шарм бошад ё вз ҷиддият онҳо камтар ба рақс майл мекарданд.

© Фото : Новоженина Евгения Благотворительный концерт Памирских звезд
Благотворительный концерт Памирских звезд - Sputnik Тоҷикистон
Благотворительный концерт Памирских звезд

"Ман шодам, ки чунин кори пурбаракат имрӯз дар тарабхонаи ман мегузард. Имрӯз иҷораи тарабхонаро арзон кардем. Дусад рубли ҳар як меҳмон ба иҷора дода мешавад. Бигзор бародарамон шифо ёбад", — гуфт соҳиби тарабхона дар суҳбат бо Sputnuk Тоҷикистон.

Дар ин консерт барои Акмал Меҳрубоншоев, ки ба зудӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав ҷарроҳӣ мешавад, беш аз сад кас ширкат карду бо ҳисоби пардохти иҷроаи тарабхонаю асбобҳои мусиқӣ 30 ҳазор рулб  рубл ҷамъ шуд. Дар умум барои ҷарроҳии ӯ 1,5 миллион рубл лозим аст.

Фирӯз Паллаев - Sputnik Тоҷикистон
Ситораҳои Бадахшон барои дармони Акмал дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд

Муҷрии консерт Маърифат аз фаъолияти гурӯҳи "Делаем добро" ёдоварӣ карду гуфт, ки чӣ гуна донишҷӯё худ пиёда ба донишгоҳ рафтаасту роҳкирояшро ҷамъ карда барои шифои беморон хайр кардааст.

"Мо се сол пеш барои ҷарроҳии Акмал маблағе ҷамъ карда будем. Вале ба сабаби ҷамъ нашудани маблағи зарурӣ ҷарроҳии ӯ ба таъхир уфтод. Имсол кӯшиш дорем, ки маблағи заруриро ҷамъ кунем. Ин консерт ҳам яке аз барномаҳо барои ҷамъоварии маблағ мебошад", — яке аз аъзоёни гуруӯҳи "Делаем добро" Ситора Шоҳдавлат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Фото : Новоженина Евгения Ситора Шохдавлат
Ситора Шохдавлат - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Шохдавлат

Дар барнома ҳамчунин шоири ҷавон Фаромуз Ақдодов, ки худ яке аз баргузоркунандагони ин барнома буд, аз ашъори худ чанд сурудеро пешкаши мухлисон кард. Пеш аз ҳунарнамоӣ Фаромуз гуфт, ки "аз баргузории ин консерт бисёр шод аст".

"Мо суннатҳои бисёр хубе дорем ва орзу мекунем, ки чунин барномаҳои хайрия ҳам барои овозхонҳои мо суннат шавад".

Сипас навбати ҳунарнамоии овозхони машҳур Толиб Саодатқадамов расид ва ӯ таронаҳои ошиқонаи худро суруда дили тамошобинонро шод ва ҳамагонро ба иттиҳоду дӯстиву ёрирасонӣ ба якдигар фаро хонд.

"Биёед ҳамеша дасти ҳам бигирему барои шифои бародарамон Акмал дуо бикунем", — гуфт Толиб Саодатқадамов.

Ҳамчунин дар ин консерт овозхонони ҷавони Бадахшон Аличони Қимматшо ва Анваршои Саидик бо сурудҳои базмӣ дили ҳозиринро шод карданд.

© Фото : Новоженина Евгения Благотворительный концерт Памирских звезд
Благотворительный концерт Памирских звезд - Sputnik Тоҷикистон
Благотворительный концерт Памирских звезд
Лентаи хабарҳо
0