Ситораҳои Бадахшон барои дармони Акмал дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд

© Фото : Аз саҳифаи фейсбукии Фирӯз ПаллаевФирӯз Паллаев
Фирӯз Паллаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маскав барои кумаки молӣ ба Акмал, ки аз бемории вазнин азият мекашаду бояд ба зудӣ ҷарроҳӣ шавад, консерт баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ситораҳои Бадахшон барои дармони Акмал дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар ин бора як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин консерт овозхонони саршиноси Бадахшон Фирӯз Паллаев, Толибшо Саодатқадамов, гурӯҳи "Ҷирай" ва дигар сарояндагони тоҷики муқими Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд.

"Хеле хуб аст, ки овозхонони мо барои кӯмак ба мӯҳтоҷон чунин барномаҳое баргузор мекунанд. Бигзор, кори хайри онҳо оғоз бошаду анҷом не", — гуфт яке аз ташкилкунандагони консерт.

Консерт рӯзи 14 январ соати 14:00 дар тарабхонаи "Соло" воқеъ дар назди истгоҳи метрои Марино, кӯчаи Новочеркесский булвар 57 хонаи 2 баргузор мешавад.

Маблағи аз консерт ба даст омада барои табобати ҷавони 25-сола Акмал Меҳрубонов, ки дар наздиктарин фурсат бояд дар Маскав ҷарроҳии пайванди гурда шавад, дода мешавад.

Акмал ҷавони 25 сола аз шаҳри Хоруғ асту барои ҷарроҳӣ ӯ 1,5 миллион рубл лозим аст.

Лентаи хабарҳо
0