ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар ҷомеаъи пулсолор низ кам нестанд касоне, ки накӯкориро пеша кардаву дигаронро ҳам ба ин кори хайр фаро мехонанд.
Ситора Шоҳдавлатро дӯстону пайвандон, ёрону ҳамвандон бонуе меҳрубону дилсӯз ва накӯкору хайрхоҳ мешиносанд. Солҳост, ки Ситора дар Маскав зиндагӣ ва кор мекунаду яке аз фаъолони ҷомеъаи тоҷикони ин шаҳр аст.
Ин бонуи меҳрубон аз меҳнати дигарон беғам нест, аз ин рӯ гурӯҳеро ба манзури ёрирасонӣ ба ниёзмандону беморон ташкил кардаву "Некӣ мекунем" ном гузоштааст.
"Ҳангоме, ки аз Facebook хабар ёфтам, ки зане аз ҳаммеҳанонамон дар боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷиратии шаҳри Маскав дар вазъи баде қарор дорад, аз пеши худам ин гурӯҳро ташкил кардаму ният доштам маблағеро ҷамъ карда ҷаримаашро пардохт кунему барояш билет харида Тоҷикистонаш бифиристем", — гуфт Ситора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ангезаи роҳандозии ин гурӯҳ.
Ба гуфти Ситора, фарохони ӯро дӯстону ошноёни фейсбукиаш дастгирӣ карданд ва онҳо дастҷамъона маблағеро ҷамъ карданду барои ин зани ниёзманд билети парвоз хариданду ӯро ба Тоҷикистон бар гардонданд.
"Пас аз ин кор дар дастамон маблағе боз монд, ки мехостем онро барои буду бош ва доруву дармони он зан равон кунем. Вале хешовандонаш бо сипоси бепоён гуфтанд, ки беҳтар аст он маблағро ба дигар ниёзмандон ё беморон бидиҳем", — ба ёд меорад Ситора.
Ҳамин маврид Ситора ва дӯстонашро дар тасмимашон устувортар кард то фаъолияташонро густариш диҳанду барои бозгашти тандурустии кӯдакони бемору дардманд талош кунанд. Гурӯҳи "Некӣ мекунем" ҳамакнун 27 ҳамванд дорад.
Бо ёриву дастгирии ин гурӯҳи накӯкор Алимардони якунисола ҷарроҳӣ шудаву акнун роҳ мегардад. Онҳо ҳамчунин барои ҷарроҳии Фарид Чоршанбиев ва боз чанд каси дигар ёрӣ расонданд.
Ҳамакнун ин гурӯҳ дар паи гирдоварии кумакҳои молӣ барои кӯдаки ҳаштмоҳаест, ки сахт бемор аст ва бояд ҷарроҳӣ шавад. Барои ҷарроҳии Оишаи ҳаштмоҳа, ки бояд дар Ҳиндустон анҷом шавад, 40 ҳазор дулор лозим аст. Ситора мегӯяд, ки ҳамакнун каме аз ин маблағро ҷамъ кардаанд ва бақияро бояд ҷамъоварӣ кунанд.
Ин гурӯҳи хайрхоҳон ба мардуми селзада дар Дарвоз ҳам кумаки молӣ карда буд.
Ситора мегӯяд, ки ҳама кумакрасониҳои онҳо дар чорчӯби қонун сурат мегирад ва чеку сафтаҳо аз сармоягузориву ёрии довлалабонаи ҳаммеҳанон дар дасташон ҳаст. Онҳо ният доранд ин гурӯҳи худро расман дар Вазорати додгустарии Русия номнавис кунанд то битавонанд бештар ба ниёзмандон кумак кунанд.
Пӯшида нест, ки зиндагиву кор ва ташкили гурӯҳи расмии хайрия дар кишвари бегона кори осоне нест. Вале Ситора мегӯяд, ки "агар инсон худро ва ҷомеъаеро, ки дар он ба сар мебарад, дину оини мардумашро ҳурмат кунаду аз қавонини он огоҳ бошаду онҳоро риоя кунад, ҳеч мушкиле пеш намеояд".
"Ман бо дӯстонам ва мардумамон, ки дар рӯзи сахтиву гирифторӣ ба мустамандон дасти ёрӣ дароз мекунанд, ифтихор мекунам. Дар чунин мавридҳост, ки эҳсос мекунам, ки инсон агар ба дигарон ёрӣ расонад, худ низ хушбахт мешавад. Бовар дорам, ки ёрӣ кардан ба дигарон вазифаам аст", — мегӯяд Ситора Шоҳдавлат.
Орзумандем Ситора ва гурӯҳашон дар амалӣ кардани ин ниятҳои нек комёб шаванд.