ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар Вазорати тандурустии Узбакистон таъйиноти кадрӣ ба амал омад.
Дониёр Турсунов, ки пеш раҳбарии шуъбаи тандурустии ноҳияи Китобро бар ӯҳда дошт, акнун раҳбари шӯъбаи тандурустии вилояти Қашқадарё таъйин шудааст.
Дар баробари ин раҳбарии шӯъбаи тандурустии вилояти Тошкандро Турақул Арзиқулов бар ӯҳда гирифтааст. Ӯ пештар мудири филиали Маркази илмии Ҷумҳуриявии Ёрии таъҷилӣ дар вилояти Тошканд буд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар чорчӯби сафари худ ба вилояти Тошканд Шавкат Мирзиёев аз дармонгоҳи пиронсолон боздид кардааст.
Шароити буду боши пиронсолонро дар дармонгоҳ дида, Мирзиёев ашк рехтааст.
"Дидани ин катҳои хоб, сохтмон, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад, ташфишовар аст", — қайд кардааст раисҷумҳур.
Дар ноҳияи Янгийул беш аз 264 ҳзаор кас ба сар мебарад. Нахустин сохтмони дармонгоҳ соли 1912 сохта шудааст. Бинои ниҳоии ин табобатхона соли 1979 ба истифода дода шудааст. Солҳои охир ин дармонгоҳ қисман аз таъмир бароварда шудааст.
"Ҳадафи аслии ислоҳоти соҳаи тибб-ҳифзи саломатии мардум аст. Ошноӣ бо шароити табобатии муассисаҳои тиббии кишвар имкон медиҳанд, ки камбудиҳои онҳо омӯхта шаванд ва хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд", — гуфтааст Шавкат Мирзиёев.