Ашкҳои раисҷумҳур аз дидор бо пиронсолони бемор

© пресс-служба президента РУзГлава Узбекистана Шавкат Мирзиёев ознакомился с деятельностью Янгиюльского районного медицинского объединения
Глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев ознакомился с деятельностью Янгиюльского районного медицинского объединения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чорчӯби сафари худ ба вилояти Тошканд Шавкат Мирзиёев аз дармонгоҳи пиронсолон боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти дармонгоҳи ноҳияи Янгийул ошно шуда бо пиронсолони бемори ин ҷо суҳбат кардааст.

Дар ин бора  УзА хабар медиҳад.

Шароити буду боши пиронсолонро дар дармонгоҳ дида, Мирзиёев ашк рехтааст.

"Дидани ин катҳои хоб, сохтмон, ки дар ҳолати ногувор қарор дорад, ташфишовар аст", — қайд кардааст раисҷумҳур.

Дар ноҳияи Янгийул беш аз 264 ҳзаор кас ба сар мебарад. Нахустин сохтмони дармонгоҳ соли 1912 сохта шудааст. Бинои ниҳоии ин табобатхона соли 1979 ба истифода дода шудааст. Солҳои охир ин дармонгоҳ қисман  аз таъмир бароварда шудааст. 

Имрӯзҳо қисми зиёди сохтмон дар ҳолати ногувор қарор дораду таҷҳизоти табобатиаш куҳна шудаву ба талабот ҷавобгӯй нест. Беморон маҷбур барои табобат ба дигар муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд.

"Ҳадафи аслии ислоҳоти соҳаи тибб-ҳифзи саломатии мардум аст. Ошноӣ бо шароити табобатии муассисаҳои тиббии кишвар имкон медиҳанд, ки камбудиҳои онҳо омӯхта шаванд ва хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд", — гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Лентаи хабарҳо
0