ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии клуби футболи "Истиқлол"-и Душанбе, футболбози 21-солаи тоҷик Ҷаҳонгир Алиев айни замон дар ихтиёри дастаи "Насаф" қарор дошта, аз озмоиш мегузарад.
Дар ҳайъати дастаи "Истиқлол" Алиев ба ҳайси нимҳимоятгар бозӣ мекард.
Дастаи "Насаф" дар қаҳрамонии соли гузаштаи Узбакистон мақоми аввалро касб карда буд. Ҷаҳонгир аллакай дар ҳайъати ин даста якчанд маротиба тамрин намудааст.
Ҷаҳонгир Алиев дар ҳайати дастаи "Истиқлол" ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (солҳои 2016 ва 2017), барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2017 ва финалисти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 гардидааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтаринҳоро эълон кард ва рӯзи 23-юми декабр дар маҷмааи "Кохи Наврӯз"-и Душанбе ба ғолибон ҷоизаҳои инфиродиро тақдим намуд.
Аз миёни мардон беҳтарин футболбози соли 2017 Фатҳулло Фатҳуллоев шинохта шуд.
Никубахт Худододова бошад беҳтарин футболбози соли 2017 аз миёни занон эълом шуд.