Никубахт Худододова беҳтарин футболбози сол эълом шуд

© Федерация футбола РТНападающая столичной команды "Динамо" Никубахт Худододова стала лучшей футболисткой Таджикистана сезона-2017
Нападающая столичной команды Динамо Никубахт Худододова стала лучшей футболисткой Таджикистана сезона-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Никубахт Худододова беҳтарин футболбози соли 2017 аз миёни занон шиносхта шуд

ДУШАНБЕ, 25 дек— Sputnik. Бозигари дастаи "Динамо" Никубахт Худододова аз миёни духтарони футболбози Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд.

Дар ин бора равобити умумии ФФТ хабар медиҳад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтаринҳоро эълон кард ва рӯзи 23-юми декабр дар маҷмааи "Кохи Наврӯз"-и Душанбе ба ғолибон ҷоизаҳои инфиродиро тақдим намуд.

Аз миёни мардон бошад беҳтарин футболбози соли 2017 Фатҳулло Фатҳуллоев шинохта шуд.

1/2
Фатхулло Фатхулоев - лучший футболист Таджикистана 2017 года

Ҷоизаҳоро муовини аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо тақдим кард.

Ҳамчунин аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 ғолибони 21 номинатсия эълон шуда, бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд. Аз он ҷумла, ҷоизаи "Ҳамлагари беҳтарини сол" ба Дилшод Восиеф аз дасти "Истиқлол" ва ҷоизаи "Беҳтарин мурабии сол" ба Рустам Хоҷаев супорида шуд.

Ҷоизаи "Дарвозабони беҳтарин" бошад насиби Николе Стошичу аз дастаи "Истиқлол" шуд.

Лентаи хабарҳо
0