ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, Ддар толори шаҳрдории Хуҷанд барои омӯзиш дар курси семоҳаи "Мактаби сарварони ҷавон" озмун баргузор шудааст.
Дар он беш аз 80 нафар донишҷӯй ширкат кардааст.
"Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, 20 нафар беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуданд", — омадааст дар хабарнома.
Аз ин ва баъд ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд.
Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ба хатмкунандагони курси семоҳа Шаҳодатнома супорад.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузориикадрҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.